Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

ва ҳам бошандагони ин диёри меҳпарвар бо хати зар сабт гардид. Зеро дар ин рӯз аввалин ҳавопаймои тамғаи ТУ-154, ки командираш Директори генералии онвақтаи КВДҲ «Тоҷикистон» Мирзо Мастонгулов буд ва аввалин мусофири он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Кӯлоб фуруд омаданд. Аз он рӯз сар карда, ба истифодаи босамари нақлиёти ҳавоӣ дар шароити кишвари баландкӯҳ барои рушди соҳаҳои асосии хоҷагии халқ имконоти фаровон муҳайё гардид. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1998 фурудгоҳи Кӯлоб мақоми байналмилалиро соҳиб гардид.

«Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» аз соли 2001 ба интиқоли мусофирон дар масири байналмилалӣ оғоз намуда, аввалин парвоз ба шаҳри Екатеринбурги Россия анҷом дода шуд. Иҷрои хатсайрҳо ба шаҳри Москваи Россия 18 июни соли 2002 оғоз гардиданд. Шумораи парвозҳо марҳила ба марҳила зиёда мешуданд. Техникаву таҷҳизот аз нав барқарор гашта, шумораи мутахассисон ва кормандони соҳа ҳам меафзуд.

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» давоми

пешина
аз 275
навбатӣ