Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

СОМОН ЭЙР:
«БЕХАТАРӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ»

«Сомон Эйр» - интиқолдиҳандаи ҳавопаймоии Тоҷикистон буда, аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқоли ҳавой бомуваффақият фаъолият менамояд ва ягона ширкати ҳавопаймоии кишвар аст, ки ба узвияти IATA (Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавой) қабул гардидааст.

Интиқоли мусофирон самти асосии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад ва қонеъ намудани талаботи аҳолии кишвар ба интиқолотҳои ҳавой, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату дастрас ва эътимоднок, мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ва ҳамчунин рушд додани соҳаи авиасияи граждании Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии ширкат маҳсуб меёбанд.

Айни замон, директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Валиев Абдулқосим мебошад.

Фаъолияти ширкат ба рушди устувор, тавсеаи шабакаи парвозҳо, навсозии парки ҳавопаймой нигаронида шудааст ва дар кори худ аз технологияҳои муосир васеъ истифода намуда, ҷонибдори роҳандозии навовариҳо мебошад.

пешина
аз 275
навбатӣ