Зеҳн
Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Аэровокзалҳо барои ҳамлу нақли мусофирон амал мекард.

Сохтмони фурудгоҳи Хуҷанд низ ба охирҳои солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта рост омада, минбаъд комплекси фурудгоҳӣ дар минтақаи вилояти Суғд мунтазам рушд кардааст.

Баъдан, ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори аввал соли 1994, фурудгоҳи Хуҷанд мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, дар он минтақаҳои назорати сарҳадиву гумрукӣ ташкил карда шуданд.

Маҳз ба туфайли таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои мақсадноки андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи авиасияи гражданӣ дар мамлакат пеш рафта, имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 1 октябри соли 2008, (№491) Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии

пешина
аз 275
навбатӣ