Садоқат ба осмон

Ин китоб ба фаъолият ва рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он роҳи тайшудаи ин соҳа ва хидмати кормандони он баён мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 275 саҳифа
«Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯрғонтеппа», Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», таъсис дода шуда, ҳамчун воҳидҳои мустақими соҳа ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ҳадаф аз қабули қарори мазкур ва азнавтаъсисдиҳии субъектҳои мустақими авиатсионӣ пеш аз ҳама таъмини фаъолияту рушди соҳавии онҳо, рақобатпазирии корхонаҳо ва мутобиқ намудан ба талаботи байналмилалии авиатсионии замони муосир ба шумор меравад.
Яъне баъд аз он ки фурудгоҳҳои мамлакат ҳамчун корхонаҳои алоҳида ва мустақил аз нав таъсис дода шуданд, дар назди фурудгоҳҳо, аз ҷумла, дар назди «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буданд, ки иҷрои онҳо таваҷҷуҳи муҳим, ҷидду ҷаҳди устувор ва маҳорату таҷрибаи созандаву ривоҷдиҳандаро талаб мекарданд.
Вазифаҳое муҳиме, ки дар назди фурудгоҳҳои байналмилалӣ гузошта шуда буданд, асосан таҷдиди комплекси аэродром, таҷдиди терминалҳои мусофиргузаронӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё