Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, усули таҳлили менеҷмент бояд аниқ, фаҳмо ва пурра бошад. Ахбор акнун на ин ки воситаи идоракунӣ, балки бояд захираи корхона бошад, ки аксарият аз он истифода карда тавонад. Вобаста ба ин талаботи асосии менеҷерон таҳлил карда тавонистани гуногуни баҳодиҳии қобилият нисбат ба синну сол хоҳад буд.

Тағйирот ва инкишофи дигари менеҷмент баланд гардидани суръати ҳаракати ахбор аст ва ин яке аз критерияҳои асосии инкишофи сифатии санъати менеҷмент дар асри XXI буда, аз менеҷерон талаб менамояд, ки барои ҳар чӣ хубтар ва мустаҳкамтар намудани мавқеи мол, нишонагирӣ аз пасту баландшавии нархи мол дар бозор, инчунин тоб овардан ба рақобати бозор аз системаи Интернет истифода бурда, суръати ҳаракати ахборро хеле баланд намоянд. Талабот ва монеаҳои дохилаи қоидаҳои пешинаи роҳи гардиши ахбор ва фармондиҳӣ имрӯз мавқеи худро гум карда, зиёновар гаштаанд. Имрӯз назорат фақат аз рӯи омӯзиш ва ҷудо намудани кормандон барои фаъолиятҳои алоҳидаи мақоми махсус дошта, бо роҳи додани ҳуқуқи қабули қарори идоравӣ ҳангоми ба роҳ мондани иҷрои кор дар табақаҳои поёнӣ роиҷ аст. Назорат бо роҳи иҷро кардани функцияи ахбории корманд дар системаи ягонаи ахборӣ мебошад.

Чунин як ҳолати суръати баланди ахбор, пайдоиш ва аз байн рафтани молро низ тезонида дар фаъолияти менеҷмент хусусияти мунтазам навовариро тавлид сохтааст, ки мақоми глобалиро гирифтааст.

Мафҳумҳои марказии идоравӣ ҳамчун маркази ақлу хирад кӯҳна шуда, мақоми асосии доду гирифти ахбор дар табақаҳои поёнӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои якхелаи рафторӣ, таъмини захираҳои зарурӣ дар ҳудуди ташкилоти худӣ, яъне раванди назорат аз болои захираҳо ба раванди доимият ва таъминотии захираҳо бояд табдил ёбад.

Аз ин нуқтаи назар мақоми менеҷмент дар аввали ҳазорсолаи сеюм қуллан тағйир ёфта, дар инкишофи иқтисодии мамлакатҳо мавқеъ ва вазифаи калонро пайдо намудааст.

Асосан ҳафт унсурро номбар кардан мумкин аст, ки инкишофи ояндаи санъати менеҷмент ба он равона гардидааст.

  1. Дарки пурраи масъулият дар ҳамаи табақаҳои менеҷмент оид ба иҷроиши масъалаи умумии аниқи ташкилот. Раванди ташкили кори менеҷмент бояд
пешина
аз 522
навбатӣ