Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ҳар яке аз онҳоро пурра омӯзед. Бо истифода аз имконот ба ҳар яке аз аъзоёни гурӯҳ сӯҳбати алоҳида намуда, ба қобилияти вай баҳо диҳед ва хулоса бароред. Дар ҷараёни фаъолият дар гурӯҳ додани мукофотҳо ва ҳавасмандкуниҳои аъзои фаъолро фаромӯш накунед. Кормандонро барои кори хуб ва навоварӣ ҳавасманд намуда, дар шакли музди иловагӣ, зиёд кардани маош, пешниҳод барои сарфароз гардонидан бо ордену медаллҳо, инчунин ҳиссаи онҳоро аз ҳисоби фоида дуруст муайян кардан, усулҳои хуби боваркунонӣ мебошанд. Ҳавасманд кардани коргарони фаъол бояд кушода, боадолатона ва аз рӯи хизматҳояшон арзанда бошад.
Маҳз дар ҳамин маврид манфиати шахсони алоҳида ва гурӯҳ бо ҳам мепайвандад, ки хеле бояд моҳирона бошад. Агар шумо якеро ҳавасманд созед, дигар аъзоёни гурӯҳ мехоҳанд, ки аз пешрафти кори он шахс хабардор бошанд. Дар ин ҳолат шумо бояд пурра ошкоро бошед ва қарори худро асоснок карда тавонед, дар акси ҳол самаранокии кори роҳбарии шумо коста мегардад.
Дар вақти ҳавасмандкунӣ бояд аз ҳама намудҳои он истифода намоед. Хусусан:
- Зиёд кардани маоши кормандон.
- Мукофоти пулӣ, илова ба музди меҳнат.
- Ҳаққи иловагӣ аз ҳисоби тақсимоти фоида 4. Соҳиби аксия шудани кормандон.
- Ба ордену медаллҳо мукофотонидан.
- Дигар намуди ҳавасмандкунӣ ва имтиёз, яъне таъмин бо манзили истиқоматӣ, мошин, роҳхат ба осоишгоҳ ва ғайра.
- Ба вазифаи баландтар гузаронидан.
Бартарияти ҳавасмандии кормандон моҳияти зерини психологию иҷтимоӣ дорад:
- Кормандон аниқ медонанд, ки чӣ қадар маош мегиранд ва меҳнати ҳалолу поквиҷдононаи ӯ иловагӣ қадр карда мешавад.
- Ҳавасмандии меҳнат боло рафта, ҳосилнокӣ ва сифати иҷрои кор баланд мегардад.
- Аҳли коллектив нисбати кор фаъолтар гардида, барои иҷрои мақсадҳои асосии корхона доимо дар талош мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё