Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Масъулиятнокии ҳар як корманд баланд гашта, низоми меҳнат мустаҳкам мегардад.

  2. Ягонагии коллектив ва қадру қиммати ҳар корманд баланд мегардад. Талаботи дигар аз Шумо ҳамчун роҳбар ин аст, ки гурӯҳро доимо мувофиқи вақти муайяншуда ба машварат бояд даъват намуда, ахбори заруриро ба онҳо расонед ва онҳо низ фикру ақидаҳои нави худро оид ба пешрафти истеҳсолот ба шумо баён намоянд. Вазифаи шумо ҳамчун роҳбар-пешво дар он аст, ки машварат мақсаднок буда аз мавзӯъ берун набошад. Дар вақти гузаронидани машварат имкон диҳед, ки ҳар як аъзои гурӯҳ фикру ақидаи худро иброз ва озодона дар баҳсҳо иштирок намояд. Дар машваратҳо вақти баромадҳоро муайян карда, ҳаракат намоед, ки онро риоя намоянд, инчунин аз мавзӯи баҳс берун набароянд.

Идораи кориро тарзе омода намоед, ки ҳар як корманд имкони хуби бо дигарон ҳамсуҳбат шуданро дошта, алоқаи электронӣ, инчунин ҳар гуна вохуриҳои корӣ, мизи мудаввар ташкил карда тавонанд.

Албатта ташкили идораи корӣ вобаста ба маданияту усули роҳбарӣ аст. Дар Амрико ва Ҷопон ҳаракат менамоянд, ки машваратҳо дар утоқҳои васеи корӣ, ки 20 то 40 нафар кормандон ҷой мешаванд, гузаронида шаванд. Инглисҳо, олмонҳо ва голландиҳо утоқҳои алоҳидаро қабул доранд.

Ҳеҷ гоҳ дар утоқи худ бо дари пӯшида пинҳон нашавед, худро аз коллектив дур насозед, ки ин ба самаранокии кори роҳбарии Шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Гузаронидани маҷлис низ яке аз талаботҳои баланд бардоштани самаранокии кори роҳбарон мебошад. Мақсади баргузории ҳар як маҷлис бояд пешакӣ маълум бошад. Тарз, усул ва вақти гузаронидани маҷлис низ талаботҳои хоси худро доранд:

  1. Ба маҷлис шахсонеро даъват намоед, ки масъул ҳастанд, шарт нест, ки толорро бо шахсони нисбат ба ҳалли масъалаи мазкур бетараф, банд созед.

  2. Агар масъала ҳалли коллективӣ талаб накунад, маҷлис даъват нанамоед.

пешина
аз 522
навбатӣ