Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Чунин як ҳолатро Шумпетер нишони асосии вайронкунандаи қонуни навоварӣ дар бозор дониста, қайд мекунад, ки маҳз чунин як ҳолат садди роҳи комбинатсияҳои нави истифодабарии захираҳо мегарданд. Маҳз аз ҳамин сабаб бозор худ аз худ навоварӣ таъмин карда наметавонад ва барои таъмини навоварӣ мавҷуд будани «ташкилот» шарт ва зарур мебошад. Инчунин қайд карда мешавад, ки на ташкилотҳои мустаҳкам ва васеъкунандаи қувваҳои бозор, балки баръакс он ташкилотҳое, ки қувваҳои бозорро суст ва самаранокии тақсимоти захираҳоро таъмин намуда, инкишофи стратегӣ дошта бошанд. Чунин як раванд ҳамчун институти нави арзишҳо то замоне зарур мебошад, ки бозор ба арзишҳои он расида гиранд.

Аз мақсадҳои аксари ширкатҳои байналхалқӣ бармеояд, ки онҳо на бо дарназардошти рақобатнокӣ дар бозор, балки таҳти шиорҳои «таъминоти иқтисодӣ ва баландбардории дараҷаи зиндагонии мардуми тамоми ҷаҳон», ё «мо пеш аз ҳама ташкилоти донишомузӣ мебошем» ва ғайра, коргаронро барои меҳнати коллективӣ ҳавасманд намуда, барои иҷрои мақсадҳои умумӣ сафарбар менамоянд. Онҳо захираҳоро якҷоя истифода карда, дониш меомӯзанд ва боварӣ доранд, ки ташкилоти онҳо аз ин манфиат мебинад ва ҳатто то чӣ андоза фоидаи онҳо зиёд мегардад, зеро медонанд, ки фоидаи ташкилоти бадастовардашуда ин фоидаи умумии коллектив мебошад.

Хулоса, чунин як фарқияти фалсафии фаъолият ташкилотро ҳамчун созандаи навоварӣ муаррифӣ менамояд, ки дар асоси ҳамкории рӯҳиявии баланди одамон ташкил карда шудааст ва ягон бозор ё ташкилоти ба бозор такякунанда чунин имконотро надоранд.

Ташкилотҳое, ки болотар аз қонуни бозор амал мекунанд, дар асоси истифодаи навовариҳои фардӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ худро нишон дода, ба бозор итоат намекунанд.

Дар давоми асри XX ширкатҳо мавқеи мустаҳками ҷамъиятӣ ба даст оварда, ҳамчун як институти самараноки меҳнати коллективӣ худро нишон доданд. Дар шароите, ки ячейкаҳои дигари ҷамъиятӣ, аз қабили ҳизбҳо, созмонҳо, оила, ибодатгоҳ ва масҷиду мадраса мавқеи худро бой доданд, ташкилотҳо ҳамчун институти замонавӣ қисми зиёди захираҳои худро барои шароити хуби кормандонашон равона сохтанд, ки ин барои инкишофи умумии

пешина
аз 522
навбатӣ