Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
худро дар асоси талаботҳои бозор ба роҳ монда, шаклҳои гуногуни тиҷоратро пеш мебаранд, ки асосашро қонуни бозор ташкил мекунад. Онҳо вобаста ба ин фаъолияташонро ба танҳоӣ ба роҳ монда, фақат манфиати худро дар назар мегиранду халос. Натиҷаи охирини фаъолияти эшон чунин аст, ки онҳо қурбони рақобат ва қонуниятҳои бозор шуда, аз пешравӣ бозмемонанд. Механизми назоратие, ки ин ташкилотҳо ҷорӣ намудаанд, танҳо барои ислоҳи зарари майда-ҷуйдаи корхона буда, аз навоварӣ дур мемонанд ва кормандони он ба рақибони худ баробар нашуда, мавқеи иқтисодию иҷтимоии худро аз даст медиҳанд.
Барои ноил гаштан ба навоварӣ ва арзишҳои нав қоидаи махфие вуҷуд дорад, ки ташкилот як мӯҳлати муайян стратегияи хомӯширо пеш гирифта, захираҳои худро аз як соҳа ба соҳаи дигар, аз як фаъолият ба фаъолияти дигар равона сохта, баъд аз мӯҳлате боз дар қатори пешсафон қарор мегирад.
Чунин нуқсон дар фаъолияти менеҷмент пеш аз ҳама дар мубориза барои ноил гаштан ба натиҷаҳои интиҳоии (максималӣ) бо истифода аз охирин захираҳо ва хоҳиши пурраи ҷорӣ намудани навовариро надоштан мебошад. Чуноне ки И.Шумпетер қайд мекунад, «Система — кадом шакле, ки набошад, иқтисодӣ, сиёсӣ, ё дигар навъ, агар тамоми қувваи худро барои натиҷагирии беҳтарини имрӯза сарф намояд, як замоне худ зери ин система мемонад ва ин шикаст мумкин сабаби он мегардад, ки рӯзе ӯ самаранокиро пайдо намуда, инкишофи дарозмуддати ташкилотро таъмин месозад».
Ҳангоме ки кормандони ташкилот танҳо ба мақсади манфиатҳои шахсӣ фаъолият менамоянд, ташкилот моҳияти худро ҳамчун институти замонавии ҷамъиятӣ гум карда, аз байн меравад, дар ҳолате ки ташкилоти замонавӣ имкон дорад арзишҳоро тарзе пайдо созад, ки ба бозор ҳеҷ гоҳ дастрас набошад. Дар бозор рафтори шахсони алоҳида камтар мушоҳида мешаванд ва онҳо фақат аз ивази баъзе унсурҳои иқтисодӣ фоида мебинанд. Бозор ба мақсад ва пешравии фарди алоҳида равона нашуда, имкони фаъолияти умум дар он васеътар аст.
Дар доираи бозор амал карда, баъзе ташкилотҳо ҳаракат мекунанд, ки аз таъсири рақобати дигарон гурезанд, махсусан, вақте ки дигарон вариантҳои беҳтаринро интихоб мекунанд ва соҳиби бартарӣ мегарданд. Ин ташкилотҳо ҳатто замони пурқувват шуданашон низ аз ин роҳи нодурусти худ қафо намегарданд ва бозори ғайрирасмиро ташкил менамоянд, ки дар натиҷа ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё