Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

на фақат ба рақобати молистеҳсолкунандагон, балки ба рақобати истеъмолкунандагон, молтаъминкунандагон ва дигар қувваҳои берунаи экологию иҷтимоӣ гирифтор мешаванд.

Олими намоёни назарияи менеҷмент Майкл Портер менависад, ки «Вазифаи марказии менеҷмент ин ба низом даровардани ҳукмронӣ аз болои молтаъминкунандагон ва истеъмолкунанда мебошанд». Инчунин мо бояд роҳҳо ва усулҳоеро кор карда бароем, ки ба соҳибкории худ рақибонро наздик нагузорем, то ин ки бартарияти стратегии ташкилотро нигоҳ дошта тавонем. Мазмуни ин назария аз он иборат мебошад, ки ташкилот доимо ба арзише нишонагирӣ намоянд, ки воқеӣ буда, дигар рақибон ба он наздикӣ карда натавонанд, яъне ба рақобати озоди бозор доимо тобовар буда, ба ҷамъият зарар нарасад. Новобаста ба ин дорандаи ҷоизаи мукофоти Нобелӣ Герберт Саймон қайд мекунад, ки агар «иқтисоди бозорӣ» гӯем хато мебошад, яъне ин «Иқтисодиёти ташкилкардашуда» аст, ки қисми зиёди арзиши иқтисодӣ на аз рӯи рақобати озод, балки фаъолияти самараноки ташкилоте мебошад, ки миқдори зиёди одамонро барои кори якҷоя ҷалб намуда, мақсади ташкилотро ба танзим медарорад».

Аслан дар ягон давлати инкишофёфтаи дунё ташкилоти пешқадам фаъолияти худро на ба зарари ҷомеа, балки барои қонеъ гардонидани талаботи нави одамон равона месозад ва ҷамъулҷамъ барои инкишофи иқтисодии мамлакат мақоми худро мегузорад. Дар навбати худ бозор ташкилотро маҷбур месозад, ки қисме аз даромади худро барои таъминоти инкишофи ҷамъият хароҷот намоянд.

Аз ин нигоҳ иқтисодшиноси бузурги австриягӣ Йозеф Шумпетер қайд мекунад, ки ташкилот имрӯз муҳаррики асосии ҷамъияте мебошад, ки тамоми навоварӣ, ихтироотҳо ва кашфиётҳо дар он ҷо пайдо гашта, асоси инкишоф мебошанд.

Имрӯзҳо дар ҷаҳони соҳибкорӣ ҳар як ташкилот мехоҳад, ки тарзу усули роҳбарии худро ҷорӣ намуда, ба муваффақиятҳо ноил гардад. Мисол аксари ширкатҳои IBM амрикоӣ раванди асосии самаранок истифода бурдани захираҳои худро дар навоварӣ дида, имконоти ба дастоварии арзишҳои навро дар он мебинанд, лекин баъзе ташкилотҳои дигар низ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти

пешина
аз 522
навбатӣ