Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳангоми ҳуҷуми рақибон воситаи дигари боқувваттару маккориро истифода намоед.

Асосан таъсири омили беруна, ки ташкилотро аз бозор мебароранд, ё худ мавқеи шуморо суст мекунанд, инҳо мебошанд:

пайдоиши рақибони нав дар бозор;

таъсири ин рақибон ба харидорони асосии мо;

омилҳое, ки ба пешравии кори рақибонатон мусоидат менамоянд;

харидорон чӣ хоҳиши нав пайдо кардаанд ва барои чӣ аз харидории
моли ташкилотатон даст кашидаанд;

оё рӯзе намемерасад, ки харидорони асосӣ аз молатон даст кашанд?

мабодо рақибон навоварӣ ё технологияеро истифода кунанд ва Шуморо
тамоман қафо партоянд;

берун аз соҳаи касбиатон кадом пешравиҳо ва навовариҳо дида мешаванд.

Бинобар ин роҳбаронро лозим меояд, ки доимо чолокӣ ва ҳушёриро аз даст надода, тарафҳои мусбию манфии фаъолиятҳои ташкилотро таҳлил карда, имконотҳои рақибонро омӯхта, чораҳои зарурию саривақтиро бубинанд. Албатта, хавфро пешгӯӣ кардан мумкин аст, вале соҳибкорӣ аксар маврид бурду бохти худро дорад, ки роҳбарон барои он бояд доимо тайёр бошанд.

Дар аксар маврид дуруст мебуд, агар мо бо гуфтори халқии «Ҳар як шахси таҷрибадори имрӯза ғуломи назарияи гузашта мебошад» ризо шавем. Дар ҳолате ки дар ҳар як лаҳза мо бо ҳодисаҳое дучор мегардем, ки аз мо донишу кордонии навро талаб мекунад, аммо бисёртар мо ба назарияи гузашта такя карда, новобаста аз он ки шахси зинда таклифу пешниҳодҳои хубу самаранокро дорад, қувваи имрӯзаро хеле мушкил қабул менамоем.

Ба шароити имрӯзаи роҳбарии ташкилотҳои Тоҷикистон назар афканем,
боз як маротибаи дигар ба он бовар мекунем, ки ин ҳолати роҳбарӣ дар асоси
назарияи солҳои 60-70-уми асри гузашта мебошад, чӣ дар муносибат бо одамон
ва чӣ дар ташкили кор дар ташкилотҳо. Новобаста ба он, ки онҳо пурра
медонанд, ки назарияи чунин рафтори роҳбарӣ аллакай нуфузи худро гум карда,
дар аксари давлатҳои пешқадам қобили қабул нестанд ва ба санъати менеҷменти
замонавӣ ҷавобгӯй намебошанд. Бинобар ин, менеҷменти имрӯзаи ташкилотҳо

пешина
аз 522
навбатӣ