Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

беҳтарин дастовардҳо ноил мегардад. Мисол, бо саволҳои «Шумо оиди беҳтаршавии кор чӣ андешаҳо доред?», «Кадом фаъолияти роҳбарон барои пешравии кори Шумо халал мерасонад?», «Ман метавонам ба Шумо оид ба кори хуб кумак расонам?», «Кадом навоварӣ дохил кардан мумкин аст, ки шароити корӣ хуб гардад ва ҳолатҳои ба миён омадаро хеле осон гардонида, барои пешравии кор кумак расонад?» ба коргарон муроҷиат намудан метавонад чунин муносибатро муназзам кунад.

Дар шароити рақобати озоди бозор аксар маврид роҳбарон маҷбур мешаванд, ки ба таваккалкорӣ роҳ диҳанд. Ҳарчанд дар иҷрои фаъолият аз рӯи лоиҳаҳои мақсаднок таваккалкорӣ каму беш ба назар расад ҳам, роҳбарон ба он мекушанд, ки кормандони хубро интихоб намуда, корро самаранок иҷро намоянд. Ҳар қадар ки қобилияти соҳибкориро хуб истифода намоед, ҳамон қадар ба муваффақиятҳо ноил мегардед.

Оид ба таваккалкорӣ бояд қайд кард, ки аз натиҷаи ин фаъолияти роҳбар тақдири тамоми коллектив вобаста мебошад. Бинобар ин як қатор талаботҳое мавҷуданд, ки ҳангоми таваккалкорӣ роҳбарон бояд истифода намоянд.

  1. Бе зарурияти воқеӣ таваккалкорӣ нанамоед.

  2. Шумо бояд пурра боварӣ дошта бошед, ки дар ҳар сурат ғалаба ба даст меоваред.

  3. Тамоми чорабиниҳои бехатариро истифода намоед.

  4. Пурра ва аниқу дуруст таҳлил намоед, ки таваккалкорӣ чӣ натиҷа медиҳад.

  5. Дурандеш бошед.

Дигар роҳе, ки метавонад ҳолати рӯҳии коллективро баланд бардорад, ин ташкили мусобиқаҳо мебошад. Ташкили мусобиқаҳои дохили ташкилот, иҷрои нақшаҳо, пешгузарӣ аз рақибон, навоварӣ омилҳои қавии пешрафт мебошанд. Барои ташкили дурусти мусобиқа ва натиҷагирии мусбӣ ҳар як роҳбар бояд дар назар дошта бошад:

❖ аз камбудӣ, ё хатои рақибон хурсанд нашуда, суръати корро суст накунад;

❖ ахборро оид ба муваффақиятҳои рақиб омӯхта баҳо диҳед;

Пеш аз оне, ки қадам мегузоред, якчанд ҳолатро таҳлил карда бароед;

пешина
аз 522
навбатӣ