Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
пайваста оид ба иҷрои вазифаҳои оҷилона ва стратегӣ натиҷаҳои мусбӣ талаб карда, онҳоро дар барномасозии оянда ба инобат мегирад. Ҳамеша дар ҳалли масоил бо кормандон муроҷиат намуда, фикру маслиҳатҳои онҳоро ба инобат гирифта, баъдан худ хулосаи зарурӣ мебарорад. Инчунин мунтазам бояд таъкид намояд, ки муваффақиятҳои ташкилот бевосита аз фаъолияти онҳо вобаста мебошад.
Ҷалб кардани кормандон ва баланд бардоштани рӯҳияи кории онҳо асосан бо роҳҳои зайл сурат мегирад:
- Бо роҳи талаб кардани ҳисоботи хаттӣ оид ба фаъолият.
- Ҳангоми вохӯрӣ ва ҷамъомадҳо маърӯзаи озод намудан.
- Сиёсати «Дарҳои кушод»-ро ҷорӣ карда, дастгирии муҳокимаи масъалаҳоро мувофиқи талаби кормандон ташкил кардан.
- Баҳои одилона ба кордонии кормандон ва дастгирии онҳо. Ҳангоми сӯҳбат бо кормандон қобилиятнокии ҳар як шахсро муайян кардан.
- Диққати асосиро ба иҷрои мақсаде, ки гузошта шудааст равона сохтан.
Чунин қоидаҳо имкон медиҳанд, ки масоили пайдошударо муайян созем ва баҳо дода тавонем. Барои иҷрои он мӯҳлатҳои назоратӣ муайян карда, нишондиҳандаҳои сифатии кор, хароҷотҳо, фоида ба коллектив бояд фаҳмонда дода шавад. Шумо ҳамчун роҳбар вазифадор мебошед, ки ҳангоми муайян кардани тағйиротҳо, ё пайдо шудани муаммоҳое, ки боиси иҷро нагаштани мақсадҳо мегарданд, чораҳои фаврӣ дида, аз он коллективро хабардор намоед.
Нишондиҳандаҳои аниқи натиҷагирӣ ва баҳои онро амалӣ намуда, ҳаракат намудан лозим аст, ки ҳар як коргар дар бадастории муваффақиятҳо фаъолона иштирок намояд. Ин мақсадҳо бояд барои иҷрокунандаҳо фаҳмо ва амалишаванда бошанд. Агар дар маҷлисҳо ва ҷамъомадҳои ҷамъбастӣ шумо имкони муҳокимаи фаъолият ва нақшаҳои ояндаи ташкилотро пайдо созед, дар вақти вохӯриҳои ғайрирасмӣ имкони доимо дар зери назорат будани фаъолияти ташкилотро пайдо сохта, аз ҳолати воқеии кор бохабар шуда, онро метавонед зери назорати хеш гиред. Агар роҳбар доимо аз фаъолияти кормандон пурсида истад, рӯҳияи кории онҳо низ баланд мегардад. Илова бар ин хуб мебуд, оид ба фаъолият, натиҷагирӣ ва масъалаҳои дигар бо ҳар як коргар бевосита суҳбатҳо ва вохӯриҳо гузаронида, аз ҳоли эшон бохабар бошад. Дар натиҷа роҳбар ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё