Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ақида дошт, ки «Барномаи стратегияи шумо чӣ хел бузург ҳам набошад, ҳар як замон ба натиҷааш назар афканданро фаромӯш накунед».

Бурду бохти корхона ба роҳбари аввал вобастагии калон дорад. Бинобар ин, шахси аввали корхона бояд шахси аз ҷиҳати моддӣ новобаста буда, маоши аз ҳама баланд гирад.

Таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳонӣ нишон додаанд, ки яке аз унсурҳои асосии рушди иқтисодӣ — баландбардории ҳосилнокии меҳнат мебошад. Дар аксари мамолики ҷаҳон имрӯзҳо роҳҳои нави баландбардории ҳосилнокии меҳнат омӯхта мешавад, чунки проблемаҳои навро бо усулҳои кӯҳна ҳал кардан номумкин аст.

Ба ақидаи мо ба самаранокии истеҳсолот ҳамон вақт ноил мегардем, агар маблағгузориро ба системаи идоракунии амалкунанда равона совем.
Маблағгузории системаи ғайрисамаранок баробари маблағро ба бод партофтан аст.

Дар системаи иқтисодии идоракунӣ бояд талаботи иҷтимоӣ ба талаботи техникӣ низ мувофиқ намояд, яъне системаи иҷтимоӣ вобаста аз талаботи техникӣ ташкил карда шавад.

Солҳои охир дар вақти интихоби роҳбарон дар давлатҳои пешқадами дунё ду омили асосӣ ба инобат гирифта мешавад:

а) дараҷаи баланди донистани илми менеҷмент, малакаи касбию техникӣ ва қобилияти дар оянда баландбардории дониш.

б) таҷрибаи муоширати хуб ва ҳамкорӣ кардан бо коллектив.

Солҳои охир аксари фирмаҳои калони хориҷӣ «Форд», «Кройслер» ва дигарҳо миқдори мутахассисони идоракунандаро то 40% кам намуданд ва ин ба хотири он, ки ба системаи бюрократӣ роҳ дода нашавад ва шахсони алоҳидаи маълум барои қарори идоракунӣ масъул бошанд. Барои таъмини доимии шуғли коргарон, ки яке аз омили баланд шудани ҳосилнокии меҳнат мебошад, бояд кадрҳои баландихтисоси роҳбарикунандае дошта бошем, ки муҳити хуби корӣ ташкил карда тавонанд.

Аз тарафи дигар истифодаи роҳу усули нав, доимо баланд бардоштани
савияи донишро талаб мекунад. Бинобар ин агар фирма ё корхонае хоҳад, ки
дар рақобати бозор тобовар бошад, бояд маблағи зиёдеро барои тайёр ва

пешина
аз 522
навбатӣ