Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Менеҷерони корхонаҳои Тоҷикистон вақти зиёди хешро ба вохӯриҳо ва ё даъватҳо ва маҷлису ҷамъомадҳои дуру дароз ё бо органҳои тафтишотӣ, ки қариб моҳе 1-2 маротиба пайдо мешаванд, роҳбаронро аз кор мондаю дилгир мекунанд, мебахшанд.
Дар аксари мамолики дунё ин гуна тафтишҳо дида намешаванд. Мисол, дар ширкатҳои Англия дар як сол фақат як тафтиш аз тарафи фирмаи аудиторӣ ташкил карда мешавад. Дар рафти тафтиш, ҳатто, худи аудиторҳо баланси солонаи корхонаро месозанд.
Қисми зиёди дигари вақти кории менеҷменти корхонаҳои мо дар имзои ҳуҷҷатҳо ва навиштани мактубҳо мегузарад. Аз ҳама зиёд тайёр кардани ҳисоботҳо дар корхонаҳои собиқ Шӯравӣ ба назар мерасад, ки ҳатто то имрӯз идома дорад. Аз рӯи баъзе тадқиқотҳо дар корхонаҳои Тоҷикистон, роҳбари корхона дар як рӯз ба ҳисоби миёна 80-100 ҳуҷҷат имзо мекунад, ки ин вақти хеле зиёдеро мегирад. Нобоварӣ ба ҳайати менеҷменти корхона боиси он мегардад, ки дар аксари корхонаҳо тамоми қарорҳоро фақат роҳбари якум иҷро мекунад ва ин боиси қафомонӣ ё саривақт пеш нарафтани кори корхона мегардад. Агар роҳбари аввал дар сафар ё бемор бошад, корхона қариб кор намекунад. Дар аксари фирмаҳои хориҷӣ ба менеҷер иҷозат дода мешавад, ки фонди махсуси меҳмонқабулкунӣ дошта бошад, то тавонад ҳамкорони худ ё меҳмонро ба зиёфат даъват намояд, то ки аз наздик шинос шавад ва ба боварӣ дарояд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ин фаъолият шакли қонунии худро нагирифтааст.
Масъалаи дигар ба роҳбар додани ҳуқуқи таваккал кардан аст. Маълум аст, ки дар вақти таваккал намудан на ҳама вақт муваффақият ба даст дароварда мешавад. Барои ин бояд роҳбар донад, ки агар аз стандарти муқаррарӣ, яъне оид ба миқдори коргарон, реҷаи корӣ, ҳайати роҳбарон берун барояд ҷазое намегирад. Чунин роҳбар бояд ҳамон сохторро интихоб намояд, ки самаранокии корро таъмин карда тавонад.
Аксари мутахассисон бар он ақидаанд, ки шакли доимии идеалӣ вуҷуд дошта наметавонад, бо мурури вақт шакл ва принсипҳои идоракунӣ бояд тағйир дода шавад. Дар замони худ сарвазири Бритонияи Кабир Уинстон Черчил чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор