Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Андози заминро бояд вобаста ба шароити замини обӣ ва лалмӣ, инчунин даромади маҳсулоти киштшуда бо назардошти фоизи беқурбшавӣ муайян намоем.

Мавҷуд набудани технологияи нав ва корҳои заминсозӣ дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ба вайроншавии ҳолати истифодабарии замин сабаб гаштааст. Барои истифодаи технологияи нав коршиносон ва мутахассисони баландихтисос зарур мебошад. Зиёд будани мардуми дорои қобилияти меҳнатӣ дар деҳот ва кам будани замин боз асоси як муаммои дигари истифодабарии захираҳои меҳнатӣ мегардад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки дар деҳот шаклҳои нави фаъолиятҳои соҳибкории саноатӣ ташкил ва дастгирӣ карда шавад. Чунин равандҳо аз қабили оҳангарӣ, кулолгарӣ, таъмирхонаҳо, осёбҳо, корхонаҳои хурди коркарди меваҷот ва сабзавот ва ғайра барои ташкили ҷои кории иловагӣ шароит фароҳам месозад.

Паст будани сифати таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаҳои махсус ва олӣ ташвишовар буда, таъмири мактабҳо ғайриқаноатбахш аст. Мисол дар ИМА 50%-и маблағи иҷтимоӣ, маориф ва илм аз ҳисоби соҳибкорони сектори ғайридавлатӣ пардохт карда мешавад, аммо имрӯз соҳибкорони мо бо ин масъала на фақат ба ҷамъият, балки барои таълими фарзанди худ маблағгузорӣ намекунад. Муаммои муҳиме, ки ба ояндаи соҳибкорӣ дар кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонанд, диққати кам додани соҳибкорон ба бахши иҷтимоӣ, махсусан, муассисаҳои тандурустӣ мебошад. Имрӯз қариб 50% аҳолии деҳот аз хизматҳои корхонаҳои тиббӣ маҳруманд ва ё кам дастрас мегардад. Ин пеш аз ҳама бо сабаби мавҷуд набудан ё дар ҳолати ғайрикорӣ будани муассисаҳои табобатӣ, инчунин, баланд будани нархи доруҳо мебошад, ки барои мардуми деҳот дастнорас аст. Бинобар ин, соҳибкорон бояд андешаи инкишофи соҳаҳои иҷтимоиро низ намоянд, то кормандони солим дар ташкилотҳои онҳо кору фаъолият дошта бошанд.

Рушди соҳибкорӣ ва менеҷмент аз нигоҳи мо бояд ба истеҳсоли моле равона карда шуда бошад, ки он дар бозор мавқеи худро дошта, фоидаовар бошад ва пеш аз ҳама ба инкишофи истеҳсоли навҳои нодири молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ мусоидат кунад. Махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ растаниҳо, аз

пешина
аз 522
навбатӣ