Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кишоварзони мо ягон маротиба ҳосилнокии потенциалиро ба даст наовардаанд. Зарари иқтисодӣ аз ҳисоби нагирифтани ҳосилнокии потенциалии ғалла қариб ба 700 сомонӣ /гектор, пахта 2500 сомонӣ /гектар мевагӣ 5900 сомонӣ/гектар баробар аст. Ин рақамҳоро агар ба миқдори замини кишти ин зироатҳо муқоиса намоем маблағҳои зиёдеро ташкил мекунад.

Роҳи ҳалли ин мушкилии соҳибкорон фақат дар ташкили илмии менеҷмент ва системаи зироатчигӣ, риояи дурусти киштгардон, инчунин ташкили дурусти заминсозӣ дида мешавад.

Муаммои дигаре, ки ба рушди менеҷмент вуҷуд дорад, нокифоя будани ахбори дурусту саривақтии иқтисодӣ ва ташкилоту дастурамалҳо оид ба соҳибкорӣ мебошад. Дар натиҷаи мавҷуд набудани ахбору маълумот аксар маврид соҳибкорон фирефтаи кор мешаванд, яъне воситаҳои техникиро бо нархи дучанду сечанд зиёд харидорӣ намуда, молашонро арзон мефурӯшанд ё бовар карда молашонро ба харидор бе ҳисоби пешакӣ месупоранд, ки дар натиҷа моҳҳо ва солҳои дароз барои гирифтани маблағ сарсон шуда, аксар маврид бенасиб ҳам мегарданд. Чунин камбудиҳо дар давоми солҳои 1995-2005 дар аксари шартномаҳои фючерӣ байни корхонаҳои кишоварзии Тоҷикистон ва ташкилотҳои корхонаҳои таъминкунандаи саноатӣ мушоҳида мешавад. Ҳатто сӯзишворӣ 1,5-2 баробар техника ва таҷҳизот бо 3-4 маротиба баланд фурӯхта мешавад, ки дар натиҷа соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз фючерон қариб 300 млн. доллари амрикоӣ қарздор мондаанд.

Аз тарафи дигар мавҷуд набудани дастурҳои аниқи нормативии ҳуқуқӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ боиси он мегардад, ки роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор аз мансабҳо истифода карда, садди роҳи соҳибкорон мегарданд. Бахусус, оид ба андозбандӣ ва шаклҳои андоз, бояд қайд кард, ки дар сектори ғайридавлатӣ имрӯз ҳар як роҳбари хоҷагӣ чун пештара ба соҳибкор шарту шароити худро пешниҳод намуда, мувофиқи хоҳиши худ андоз меситонад. Дар натиҷа соҳибкорон деҳотро маҷбуран тарк мекунанд ё аз чунин фаъолият даст мекашанд. Ба ин хотир зарур аст, ки мисли дигар мамолики ҷаҳон фақат як намуди андоз, яъне андози «Замин» ҷорӣ намоем.

пешина
аз 522
навбатӣ