Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намоед, ё дар тахта нависед. Дар он ҳолат тарси Шумо хеле кам шуда, шумо фикратонро баён карда метавонед.

СЕЮМ: Ба худ боварӣ пайдо кунед. Барои пайдо кардани боварӣ дар вақти суханварӣ мувофиқи маслиҳати профессор Ҷеймс худро тарзе нишон диҳед, ки шумо аллакай ҳамон бовариро доред. Агар Шумо хеле хуб тайёр бошед, пеш аз он, ки ба сухангӯӣ оғоз мекунед як бор нафаси чуқур гирифта, онро оҳиста-оҳиста бароед, зеро зиёд шудани ҳавои тоза дар шуш ба Шумо қувват мебахшад. Агар имкони физиологии хуб дошта бошед, метавонед вақти зиёд нафасро берун набароред, дар натиҷа боз ҳам боғайраттар мегардед. Баъд аз он қоматро рост карда, рост ба чашми шунавандагон нигоҳ карда, суханварӣ намоед, ҳамчунон ки гӯё онҳо аз Шумо «пул қарздоранд».

ЧОРУМ: Таҷриба омӯзед! Таҷриба омӯзед! Таҷриба омӯзед!

Аслан тарс дар ҳолате пайдо мегардад, ки Шумо ба худ боварӣ надоред. Боварӣ ба худ ба он сабаб надоред, ки таҷриба надоред, ё ин ки таҷрибаи хеле каме доред, ки бароятон кифоят намекунад. Агар аз нигоҳи варзишгарон гӯем, барои он, ки оббозиро ёд гиред, худро ба об партоед. Аз ин нуқтаи назар низ таҷриба кардани суханварӣ имкон медиҳад, ки Шумо бо як боварии мустаҳкам, нотарсона баромади расмӣ намоед. Барои он ки Шумо нотарсона баромади расмӣ намоед, бояд тайёрӣ бинед. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мутахассисон ва соҳибкорон пеш аз он ки баромади расмӣ намоянд, ҳатман тайёрӣ мебинанд, яъне бояд бидонанд, ки дар бораи чӣ сухан мегӯянд.

Барои муваффақ шудан ба он бояд, то баромади расмӣ маърӯзаро якчанд маротиба хонда, хуб мешуд, ки дар назди оина ба худатон нигоҳ карда машқ кунед ва ҳаракат намоед, ки мазмуни баромад ба дилу ақли Шумо таъсир намояд.

Дар ҳолате ки маърӯза оқилона қабул карда мешавад, дар вақти сухангӯӣ пайдарпании мазмун пайдо мегардад ва мақбули шунаванда мегардад Шумо бар худ боварӣ пайдо намуда, нотарсона сухан мегӯед. Тайёрӣ ба баромади расмӣ маънои онро надорад, ки Шумо қориёна маърӯзаро қироат намоед, ё худ аз номи муаллифон ва шахсони дигар масъалагузорӣ намоед, балки маърӯзаро азёд бо фикрҳо ва фаҳмиши худ пешниҳод намоед. Аз дигар тараф тайёрӣ дидан, ин фикр кардан, мазмунро пурра намудан, фикрҳои пурқиматро интихоб карда

пешина
аз 522
навбатӣ