Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
ин қоида машғул бошед. Доимо андеша намоед, ки ба худ боварӣ доштан, имкон медиҳад, то бо шунаванда пурра сухан гӯед.
Дар хотир дошта бошед, ки боғайратона сухан гуфтан чӣ гуна ба болоравии вазифадории шумо таъсир мерасонад. Бо ин роҳ шумо нисбат ба дигар роҳҳо ба роҳбарӣ тезтар мерасед. Аксари мутахассисон дар он ақида мебошанд, ки ягон қобилияти дигар ба монандӣ қобилияти суханварӣ, барои пешравии одамон кӯмаки бузург карда наметавонад. Барои ба чунин муваффақият ноил гаштан ҳар як шахси маълумотдор бояд ҳаракат намояд.
Чунон ки баъди марги Карнеги Эндри (1835-1919) миллиардери америкои хатчае ёфтанд, ки онро ҳанӯз дар синни 33-солагиаш навиштааст. Баъди аз 2 сол вай имкон пайдо мекунад, ки «ҳар соле 50000 доллар даромад дошта бошад».
Бинобар ин вай дар синни 35-солагӣ корро партофта, ба Донишгоҳи Оксфорд дохил шуда буд. Ӯ соҳиби маълумоти олӣ шуда, диққати асосиро ба «баромади расмӣ» равона месозад, баъдан тамоми ҷаҳонро гашта, миллиардер мегардад. Ё ин ки қаҳрамонии Юлий Сезар ин буд, ки чун ба Англия ҳуҷум мекунад, армияашро аз киштиҳо фароварда, ба болои кӯҳ мебарораду мефармояд, ки ба поён нигоҳ кунанд. Вақте ки онҳо ба поён назар мекунанд оташи фурӯзони киштиҳояшонро мебинанд, ки месӯхтанд. Онҳо дарк мекунанд, ки ягона воситаи алоқа ба хушкӣ нобуд карда шуд ва дар мулки душман қарор доранд ва ғайр аз ғалаба дигар роҳ нест. Чунин ҳам карданд, аз тарс чунон ҷангиданд, ки ғалаба насиби онҳо гашт. Шумо низ метавонед, дар минбар аз чунин ҳолат истифода бурда, чунон суханварӣ намоед, ки ғалаба намоед.
ДУЮМ: Шумо бояд аниқ дарк намоед, ки дар чӣ хусус сухан мегӯед. Агар шахс дар хусуси чӣ сухан карданро пешакӣ андеша ва фикр накарда бошад, ё худ ба нақша нагирифта бошад, вай худро дар назди шунаванда камқувват ҳис карда, аз онҳо метарсад. Албатта дар ин ҳолат суханвар худро гунаҳгор ҳис карда, аз шарм эҳтироми худро низ гум мекунад.
Бинобар ин санъати роҳбарӣ талаб мекунад, ки суханварӣ вақте намоед, ки гуфтание дошта бошед ва суханро хеле хуб гуфта тавонед. Хуб мешуд агар дар вақти сухангӯӣ дар дастатон чизе дошта бошед, ё ягон ҳаракати иловагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё