Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худ намояндаи ташкилот оид ба фурӯш, қобилияти махсуси кордонию сухандонӣ ва албатта намуди зоҳириро низ талаб менамояд.

Талаботи оддӣ он аст, ки ҳангоми гуфтушуниди фурӯши мол диққат ку ҳатман ба масъалаи асосӣ, бастани шартномаи хариду фурӯш додан лозим мебошад. Дар вақти сӯҳбат ором, саросема нашуда, тамоми сифатҳои беҳтарини моли хешро пайдарпай ба мизоҷон фаҳмонда, доимо фикр намоед, ки Худо хоҳад сӯҳбат мусбӣ анҷом меёбад. Ҳамеша бурро, нотарсида бо боварӣ сухан гуфта, ба ҳолати харидор назар андозед. Барои пайдо кардани эътимод, ки мусоҳиб Шуморо гӯш мекунад, метавонед оид ба гуфтаҳои хеш, ки навакак баён кардед савол диҳед. Агар зарурати такрор кардан пайдо шавад, масъаларо бори дигар баён намоед.

Барои боварӣ ҳосил кардан ба қобилияти донишмандию суханронии худ аз худ чунин саволҳо намоед:

❖ ман медонам, ки чӣ мехоҳам;

❖ ман метавонам худро дар ҳама ҳолатҳо идора намоям;

❖ ман метавонам худро тасаллӣ диҳам;

❖ ман ҳеҷ гоҳ аз ноомади кор шикоят надорам;

❖ ман худамро эҳтиром карда метавонам;

❖ ман ҳеҷ гоҳ худро аз дигарон боло намегирам;

❖ ман камбудиҳои хешро ба дигарон ҳавола намекунам;

❖ рафтори ман ба қоидаҳои ман мувофиқанд;

❖ ман ба оянда боварӣ дорам;

❖ ман кори имрӯзаро ба фардо намегузорам;

❖ ман аз эродҳои каму беш намеранҷам;

❖ ман аз хатоҳои худ меомӯзам;

❖ ман ба дигарон низ мисли худ муомила дорам;

❖ ман ҳеҷ гоҳ дурӯғ ва шахси дурӯғгӯйро намепазирам;

❖ асоси фаъолияти ман муомилаи хуби инсонӣ мебошад;

❖ донишмандӣ ва донишмандонро доимо эҳтиром менамоям.

Дар санъати боваркунонӣ намуди зоҳирии менеҷер низ мақоми калон мебозад. Намуди зоҳирӣ аллакай нишон медиҳад, ки Шумо ба худ боварӣ ва қобилияти дигаронро бовар кунониданро доред ё на.

пешина
аз 522
навбатӣ