Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
39.1. Омӯзиши хоҳиши одамон ва зинаҳои фурӯши мол
Барои инкишофи тамоми намуди соҳибкорӣ мақоми асосиро қобилияту кордонии фурӯши бомуваффақияти мол мебозад. Бинобар ин, дар ташкилот аз корманди оддӣ то роҳбар, бояд оид ба моли корхона ахбори пурра дошта, онро ба мизоҷон муаррифӣ карда тавонанд. Дар хотир дошта бошед, муваффақияти фурӯши мол аз донистани психологияи харидорон, муносибат бо онҳо ва ҳунари муаррифӣ кардани мол вобастагии калон дорад.
Муваффақияти мол гуфта, ҳолатеро меноманд, ки аз он ҳар ду тараф бурд мекунад. Дар санъати менеджмент таъкид карда мешавад, ки ҳеҷ гоҳ мизоҷонро ба шартномаи бесамари ва ё бардурӯғ даъват нанамоед. Фурӯшандаи хуб доимо шартномаро ба фоидаи харидор бояд ҳал намояд, чунки агар харидор аз моли харидааш манфиат бинад, маротибаи дигар низ, албатта муроҷиат мекунад.
Бурди менеҷерони бахши тиҷорат бошад, на фақат фурӯши бомуваффақияти мол, балки таъмини талаботи мизоҷон ва гирифтани фоида мебошад. Дар амал аксар мавридҳо мебинем, ки кори кормандони тиҷоратро фақат аз рӯи ҳаҷми фурӯши мол баҳо медиҳанд, вале дар асл ин на ҳама вақт дуруст мебошад. Мисол, агар менеҷери тиҷорат ба мизоҷон барои зиёд кардани ҳаҷми фурӯши мол, нархи молро арзон намояд, он гоҳ чунин фаъолият барои ташкилот ғайрисамаранок мебошад.
Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои миёнарав яке аз шакли бомуваффақияти фурӯши мол ба ҳисоб меравад. Аксар маврид ташкилотҳо бо 3-4 ташкилоти миёнарав ҳамкорӣ карда, фоидаи бадастовардаро аз фурӯши бомуваффақияти мол тақсим менамоянд. Барои ин фаъолиятро оғоз намудан хуб мешуд, ки якҷоя нақшаи бизнесро тартиб дода, ҳарду тараф барои корҳои тадқиқотии маркетингӣ молиягузорӣ менамуданд. Дар ҳолате, ки тарафҳо қувваҳои баробар ва хоҳиши якхела доранд, чунин як ҳамкорӣ самараи калони молиявиро меорад.
Аслан гуфтушуниди байни харидор ва фурӯшандаро ҳамчун муборизаи психологии боваркунонӣ баҳо додан мумкин мебошад. Аз ин хотир метавон хулоса намуд, ки тиҷорат кори хеле мушкил буда, на ҳар як шахс метавонад аз уҳдааш барояд. Барои ноил гаштан ба муваффақиятҳои тиҷорат аз менеҷер ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор