Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
дониши худро вобаста ба давру замон мувофиқ менамуданд. Инчунин ба таври илова оид ба ҳисоботҳои маъмурӣ, баҳодиҳии баҳисобгирии роҳбарӣ дониш ва малакаи худро сайқал дода, дар оянда барои соҳиби корхона шудан кӯшиш мекарданд. Барои маълумот баҳои ҳисоботҳои маъмурӣ, моҳият ва тарзи истифодаи онҳоро алоҳида дида мебароем.
Ҳисоботҳои дохилии маъмурии ташкилотҳо барои менеҷерон ва роҳбарони онҳо зарур мебошанд, яъне ба восираи назорати онҳо роҳбарон қарори идоракунӣ қабул менамоянд. Бинобар ин, ҳисоботҳои маъмурӣ танҳо ҳисоботҳои молиявӣ набуда, боз дигар масъалаҳоро низ дар бар мегиранд, ки онҳо ба чор соҳа тақсим менамоянд.
- Қарзҳо ва камбудиҳои соли гузашта.
- Ҳалли масоили берунаи ташкилот.
- Назорати иҷрои барномаҳо ва мақсадҳо.
- Банақшагирии ҷорӣ ва нақшаи нав барои оянда.
Инчунин, ҳисоботҳои маъмурӣ вобаста аз манфиаташон беруна ва дохила мешаванд.
Ҳисоботҳои беруна барои омма пешниҳод шуда ба стандартҳои байналхалқӣ бояд ҷавобгӯ бошанд ва дар 2-3 сол як маротиба тартиб дода мешаванд.
Ҳисоботҳои дохила барои худи ташкилот тартиб дода шуда ба қоида, ё худ стандартҳо мувофиқат намудани он шарт нест, инчунин, ҳамасола буда, назорати молиявию истеҳсолии ташкилотро дар оянда таъмин месозад.
Хусусияти хоси ҳисоботи дохилии маъмурӣ боз дар он мебошад, ки дар он реҷаи қатъии қолабӣ вуҷуд надошта, ҳар як роҳбари ташкилот дар шаклҳои гуногун метавонад онро тайёр намояд. Бояд гуфт, ки шояд ҳамин сабаб бошад, ки ҳисоботҳо аксар маврид мазмуни пурра надошта, аз хатоҳо орӣ нест ва ба норизогии кормандон оварда мерасонанд.
Барои баҳо додани ҳисоботҳои маъмурӣ ҳар як корманд баъди шунидан ё аз назар гузаронидани он ҳатман ба ду чиз онро муқоиса менамоянд.
- Ба факту рақамҳои ҳақиқие, ки ӯ хабардор аст.
- Ба факту рақамҳои беруна, ё худ дигар ташкилотҳо ва ба онҳо монанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор