Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
манфиатнокии онҳоро омӯхта, барои муайян кардани қобилиятнокии коргарон ихтисосмандӣ ва хоҳиши онҳо метавон хулоса баровард.
Ҳамин тариқ, ба ҳисоботҳои молиявӣ ва дигар сарчашмаҳои ахборӣ шинос шуда, ҳар яке хулоса баровардаед, ки то чӣ андоза мураккаб буда, донишу малакаи махсусро талаб мекунад ва рӯз аз рӯз, сол ба сол ин ҷараён боз мушкилтар мегардад. Барои осон намудани фаъолияти ҳисоби бухгалтерӣ ва молиявӣ зарур аст, ки стандартҳо ва шаклҳое қабул намоянд, ки байналхалқӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯй бошанд. Ба стандартҳои байналхалқӣ гузаштан мушкил ҳам бошад, соҳибхона ҳис мекунад, ки ин манфиати хеле калон дорад.
Маълум аст, ки хусусияти хоси миллии давлатҳои гуногун монеаҳои худро доранд, чунончи мо инро дар мавзӯъҳои гузашта пурра гуфта гузаштаем, ва новобаста аз он ки дар ҳар як мамлакат қонунҳо ва талаботҳои гуногуни миллии хеш мавҷуданд, таҷрибаи аксари ташкилотҳои калони трансмиллӣ нишон медиҳанд, ки ба як системаи умумию универсалӣ овардани аксари нишондиҳандаҳои иқтисодӣ имконпазир мебошад. Аз тарафи дигар омилҳои сиёсӣ ва таърихи инкишофи иқтисодӣ низ барои стандартизатсияи байналхалқӣ монеаҳои хоси худро дорад. Мисол, таъсири чунин давлатҳои калон ба монандӣ ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Россия, Ҷопон ва Чин ба дигар давлатҳои хурд хеле айён мебошад.
Дар давлатҳое, ки таъсири ИМА ва Англия бисёр аст, кӯшиш мекунанд, ки ба монандӣ ин давлатҳо дар ҳисоботҳои худ аксари ахборро ба саҳмдорон расонанд ва бештар усули амалиро истифода намоянд. Дар мамолики Аврупо ва Ҷопон кодексҳои ҷиддии андоз ва қонунҳо амал карда, онҳо аз субъективизм ва тағйиротҳо дуранд, ва он қадар ҳисоботҳои ба тафсил ва пурра пешниҳод наменамоянд.
Тайёр кардани ҳисобот ва умуман, бурдани муҳосиба дуруст дар навбати аввал осон намояд ҳам дар асл ин кори хеле мушкил буда, дониши махсуси касбиро талаб менамояд. Ба ин амал кормандоне бояд сару кор дошта бошанд, ки дониши махсуси бухгалтерӣ, иқтисодию молиявӣ дошта бошанд, ва дар ҷараёни фаъолият бояд пайваста ба навигариҳои ҳисобию молиявӣ шинос шуда донишҳои хешро сайқал диҳанд. Хуб мебуд агар ҳафтае 2-4 соат оид ба ин масоил дарс меомӯхтанд, ё дар ҳар 2 сол аз курсҳои такмили ихтисос гузашта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор