Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, баҳо додани фоида ва зарари ташкилот натиҷаи фаъолияти менеҷменти ташкилотро муайян месозад.

Вазифаи дигари муҳими баҳодиҳӣ ин истифодаи фонде мебошад, яъне маблағҳое, ки ба даст меоянд, дар кадом самт бояд хароҷот карда шаванд ва дар оянда ва онҳо чӣ натиҷа медиҳанд? Ин масоиле мебошад, ки аз менеҷерон бод донишу малакаи зиёдеро талаб менамояд. Бинобар ин, дар ин ҷода масоиди асосии баҳодиҳӣ ин баҳодиҳии даромад аз фурӯши мол ва хароҷотҳо мебошад.
Ба ин хотир пайдарпайии ҳар як қисми даромад пурра таҳлил сабабҳои пайдоиш, чандирият ва омилҳои он ва дурустии он аниқ карда шуда, баъдан ҳисоботҳои фоида ва қисмҳои хароҷотро низ таҳлил кардан зарур мебошад, то ба қонуншиканӣ, ё худ фаъолияти ғайриқонунӣ роҳ дода нашавад. Ҳарчанд фоизҳои андозҳо ва қарзҳо ба фаъолияти тиҷоратии ташкилотӣ таъсири бевосита надошта бошад ҳам дуруст ҳисоб кардани андоз барои ташкилот моҳияти калон дорад. Шояд шароите пайдо шавад, ки фоизи қарзҳоро зиёдтар супоридан лозим бошад ё тарзи ҳисоби андозситонӣ нодуруст бошад.

Дар вақти баҳодиҳии сарчашмаи афзоиши фоида чунин усулҳоро истифода намудан лозим аст:

  1. Фоида аз ҳисоби баландбардории нарх, ё аз натиҷаи сарфаи хароҷотҳо, ё баландбардории ҳосилнокии меҳнат.
  2. Арзиши аслии маҳсулот паст шудааст, ё не? Боз кадом имконотҳои паст кардани он мавҷуд аст?
  3. Оё фоидаи умумӣ зиёд шудааст?
  4. Ҳаҷми умумии фурӯши мол дар кадом ҳолат қарор дорад: Зиёд шудааст, кам гаштааст, ё бетағйир мондааст?
  5. Ҳаҷми умумии хароҷоти фурӯши мол аз он ҷумла хароҷотҳои маъмурият дар кадом ҳолат қарор дорад?

Дараҷаи фоиданокии ташкилотро аз рӯи гирифтани фоида ба ҳар як сомонии хароҷотшуда ё худ ба ҳар як сомонии фондҳои асосӣ баҳо додан мумкин мебошад, агар нишондиҳандаи якум то чӣ андоза истифодаи самараноки фондҳои гардонро нишон диҳад. Нишондиҳандаи дуюм самаранокии истифодабарии фондҳои асосии ташкилотро нишон медиҳад.

пешина
аз 522
навбатӣ