Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
истеҳсолот ва молия, барои муқоиса ба рақибон ва амсоли ин муайян карда мешавад.
Дар хотир дошта бошед, ки дар вақти муайян кардани нишондиҳандаҳои нисбӣ якчанд омилҳое мавҷуд мебошанд, ки ба он таъсир мерасонанд. Бинобар ин, барои хулоса баровардан тамоми паҳлӯҳои соҳибкориро таҳлил карда, баъд хулосаи зарурӣ бароред.
Хуб мебуд, ки як қатор нишондиҳандаҳои нисбии баҳодиҳии сифати фаъолияти менеҷерону худро тартиб медодед ва аз рӯи он амал мекардед.
Дар таҷрибаи аксари соҳибкорон асосан чор соҳаи муҳими натиҷавӣ баҳо дода мешаванд:
-
Фонданокӣ.
-
Самаранокӣ.
-
Молиягузорӣ.
-
Гирдгардишӣ.
-
Фонданокӣ — даромад аз фурӯши молҳо ва хизматҷое, ки бо нишондиҳандаи фоида ва зарар муайян карда мешавад.
-
Самаранокӣ — яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини баҳои роҳбарӣ ба ҳисоб рафта, муайян месозад, ки аз ҳисоби маблағи пулии сарфшуда чӣ қадар фоида ба даст оварда шудааст. Нишондиҳандаи самаранокии молиявӣ бояд ҳатман аз нишондиҳандаҳои дигар ташкилотҳои рақиб баландтар бошад.
-
Молиягузорӣ — ин нишондиҳандаи сифатии фаъолияти менеҷменти молиявӣ буда, то чӣ андоза ояндадор будан, яъне диққатҷалбкунанда, ба талабот ҷавобгӯй будани фаъолияти ташкилотро нишон медиҳад. Вақте ки сармоягузорон аксияи корхонаи Шуморо харидорӣ менамоянд, ё хоҳиши ҳамкории молиявӣ карданро доранд, ин нишоная хуби фаъолияти роҳбарии ин бахш мебошад.
-
Гирдгардишӣ — ҳар қадар, ки суръати гардиши молҳо ва воситаҳои активӣ баланд бошанд, ҳамон қадар беҳтаршавии самаранокии кори роҳбариро нишон медиҳад. Аз тарафи дигар, суръати тези гирдгардиш имкон медиҳад, ки ташкилот фоидаи худро зиёд карда, дар соҳибкорӣ муваффақиятҳо ба даст биёранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор