Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҳисобгирии бухгалтериро аз рӯи се ҳуҷҷати асосӣ, яъне счетҳо, баланс ва ҳисобот омӯхтан мумкин мебошад.
Дар счетҳои бухгалтерӣ, ки вобаста ба ташкилотҳо гуногун буда, дар боби 24-уми ҳамин китоби дарсӣ гуфта гузаштаем, ҳар як фаъолият бо роҳи дутарафанависӣ хеле фаҳмо дарҷ мегардад. Китоби бухгалтерӣ, ки ҳуҷҷати асосии фоида ва зарар мебошад, мазмуни ҳамаи ин счетҳоро ба худ дошта нишон медиҳад, ки то чӣ андоза соҳибкории ташкилот хуб амалӣ мегардад. Вобаста аз сарчашмаҳои пайдоиши фаъолиятҳо онҳо ҳамасола (1 сол) дар ин счетҳо дарҷ мегарданд ва ба соли пешина муқоиса карда мешаванд.
Фонди ташкилот гуфта, даромад аз фурӯши молҳо баъди тарҳ карда гирифтани тамоми хароҷотҳоро меноманд. Фондаро аз рӯи пайдоиш ва шакли ташаккулаш метавонем ба фонди умумӣ, фонди истеҳсолӣ, фонди то андоз, фонди баъди андоз ҷудо намоем, ки мо оид ба он дар боби менеҷменти молиявӣ пурра гуфта гузаштаем.
Бояд қайд кард, ки хароҷотҳо низ дар навбати худ гурӯҳбандӣ карда мешаванд, ки мо онро дар мавзӯъҳои менеҷменти истеҳсолӣ қайд намудаем.
Хати дуюме, ки сарчашмаи ба даст овардани фоида мебошад, фонди тиҷоратӣ мебошад. Ин нишондиҳандаи соҳибкории бомуваффақият буда, баъди кам кардани тамоми хароҷотҳои тиҷорат муайян карда мешаванд. Кам ё зиёд будани хароҷотҳои тиҷоратӣ самаранокии роҳбариро нишон медиҳад.
Қисми дуюми хароҷотҳои тиҷоратӣ ин хароҷотҳои бевоситаи фурӯши мол аст, ки умумӣ ва маъмурӣ мебошанд. Хароҷотҳои истифодабарии фурӯш, яъне хароҷотҳои реклама ва нигоҳдории мағоза, технология ва дигар хароҷотҳои фурӯши мол мебошад, ки мо дар боби 39 муфассалтар дида мебароем. Вазифаи менеҷерони бахши ҳисобгирӣ пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки бояд ҷараёни тағйирёбии хароҷотҳоро омӯхта, дар оянда чизҳои иловагиро кам намоянд.
Дар баъзе ташкилотҳо хароҷотҳои тиҷоратиро ба 2 қисм ҷудо менамоянд.
-
Хароҷотҳои арзиши аслии маҳсулот.
-
Хароҷотҳои истифодабарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор