Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Боаклона ва пайдарпай — ҳар як факту рақам андозаи ақлонии худ доро мебошад, яъне андозаи фоида, хароҷотҳо ва дигар рақамҳо бояд боаклона тартиб дода шаванд ва қабул карда шаванд. Чӣ хеле ки дар аввал қайд намудем, факту рақамҳои молиявӣ ба якдигар зич алоқаманд мебошанд. Бинобар ин, агар яке аз рақамҳо ғалат бошад, пас пайдарпай пурра ғалат шуда, ҳисобот нодуруст мешавад. Чунин як принсип талаб менамояд, ки ташкилот қоидаҳо ва стандартҳои худро бояд дошта бошад, то ки нишондиҳандаҳои соли нав ё худ имсола ба солҳои гузашта муқоиса карда шавад. Дар натиҷа фарқиятҳо муайян ва фаъолияти менеҷмент баҳо дода мешавад.
-
Воқеӣ будани ҳисобот нишонаи он мебошад, ки ташкилот соли оянда низ фаъолият менамояд, яъне ҳисоботҳо шоҳиди имконияти ташкилот буда, барои оянда дар хулосабарорӣ ё фикрронии стратегӣ зарур мебошанд.
Ғайр аз ин, ҳар як менеҷер бояд ҳамаи он мафҳумҳое, ки дар баҳисобгирии бухгалтерӣ истифода мешаванд, дуруст дарк карда тавонад.
Аслан мафҳумҳои асосие, ки дар баҳисобгирӣ истифода мешаванд, инҳо мебошанд:
-
Актив — ҳамаи он воситаҳое, ки ба ташкилот тааллуқ ва арзиши пулӣ доранд, дохил мешаванд, яъне механизму таҷҳизотҳо, патент, маблағҳо.
-
Аудит — тафтиши беғаразонаи ҳисобот мувофиқи қонун, қоидаҳо, ки аз тарафи шахсони масъули касбӣ гузаронида мешавад.
-
Амортизатсия (хӯрдашавӣ) — хароҷотҳои ҳарсоларо меноманд, ки дар ҳисоби фоида ё зарари ташкилот аз ҳисоби хӯрдашавии воситаҳои асосӣ вобаста аз мӯҳлати хизмат ҳисоб карда мешавад.
-
Саҳми сармоягузор ё саҳмиядор — капитали саҳмиявӣ ва захираи ташкилот ҳиссаи сармоявии саҳмиядорро дар ташкилот муайян месозад.
-
Ӯҳдадориҳо — қарздорӣ дар давраи муайян, то як сол ва зиёда аз он.
-
Капитали гардиш — маблағ ва воситаҳое, ки барои фаъолиятҳои ҷорӣ ва рӯзмарраи ташкилот зарур мебошанд.
-
Захираҳо — фоидаи соҳибкорӣ, капитале, ки дар соҳибкорӣ гузошта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор