Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

идома диҳад? оё фоидаи максималиро соҳиб гаштааст ё не?, барши саволҳо ба фаъолияти саҳмгузор дахл доранд.
3. Кредитор — фаъолияти ӯ бо мақсади донистани ҳолати ташкилот, ба роз монда шудааст?, метавонад фоизи қарзҳои гирифтаашро баргаронад.
инчунин, арзиши воситаҳои ташкилот, ки ҳангоми напарондахтани қарз ба ивази қарзаш бигирад?
4. Рақибон — дар бозори молиявӣ рақибон низ иштирок доранд ва онҳо нишондиҳандаҳои молиявии хешро доимо ба нишондиҳандаҳои молиявии Шумо муқоиса намуда, хулосаи зарурӣ мебароранд ва мавқеи худро дар бозор муайян месозанд.
5. Кормандон — менеҷерон — шахсоне, ки дар ташкилот кору фаъолият менамоянд, доимо мехоҳанд ахбори озоду воқеӣ оид ба фаъолияти худ дошта бошанд. Барои муайян кардани адолати иҷтимоӣ, дуруст ҳисоб кардани музди меҳнати хеш, мукофотҳо ва тақсимоти дурусти фоидаи ташкилот ҳавасманд мебошанд.
6. Молтаъминкунанда — бояд оид ба фаъолияти ташкилот ахбори молиявӣ дошта бошад, то муайян созад, ки ӯ бо кадом ташкилот ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ бо чӣ натиҷа анҷом меёбад, яъне ӯ бояд бовар кунад, ки бар ивази молаш доимо маблағашро саривақт гирифта метавонад.
7. Корманди ташкилоти андоз — дуруст ҳисобӣ кардани андозҳо ва ҳисоби дурусти бухгалтерии ташкилот, яъне дуруст нишон додани сарчашмаҳои даромад, фоида ё зарар, инчунин, ба қонунӣ будани фаъолияти ташкилот баҳо медиҳад.
Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки гурӯҳи калони одамон ва ташкилотҳо барои тартиб додани ҳисоботҳои молиявӣ, ҳавасманд ва манфиатдор мебошанд.
Барои қонеъ намудани ин талаботҳо, ҳисоботи молиявӣ бояд ба ду талаботи асосӣ ҷавобгӯ бошад.

  1. Ҳатман ба қонун мувофиқат намояд.
  2. Ҳатман бояд дуруст ва аз рӯи маҳорати касбӣ тартиб дода шуда бошад.
    Мувофиқи талаботҳои соҳибкорӣ баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ боз меъёрҳои ба худ хоси зеринро доранд:
пешина
аз 522
навбатӣ