Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
иқтироъ намуд, то имрӯз қимати худро гум накардааст, ҳисоби дутарафанависӣ мебошад, яъне як фаъолият дар ду ҷой навишта мешавад.
-
Сарчашмаи пайдоиш.
-
Дар куҷо истифода шудааст.
Чунин як принсип имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳо дар вақти тартиб додани ҳисоботҳои молиявӣ истифода карда мешавад.
Ҳар замоне, ки ҳисоботи молиявӣ қабул менамоед, чунин ҳолатҳоро ба эътибор гиред:
-
Вобаста ба намудҳои фаъолият ҳисоботҳои молиявӣ гуногуншакл ва гуногунмуҳлат мебошанд.
-
Соҳибкорони соҳаҳои гуногун усулу қоидаҳо ва тарзи баҳисобгирӣ ва ҳисоботҳою сохторҳо, қолабҳои махсуси хешро доранд.
-
Дар натиҷа як намуди ҳуҷҷатҳо хеле содда буда, дигаре хеле мушкилфаҳм мебошанд.
-
Дар ҳар сурат ҳисобот бояд инъикоси воқеият бошад.
-
Дар хотир дошта бошед, ки ҳисоботи молиявӣ на фақат барои ташкилот, балки барои органҳои давлатии назоратӣ ва рақибони Шумо низ зарур мебошад.
Илова ба ҳисоботи молиявӣ ҳисоботи идоракунӣ низ тартиб дода мешавад, ки барои баҳо додани фаъолияти менеҷменти ташкилот зарур мебошад.
Ин гуна ҳисоботро, ҳисоботи дохила низ мегӯянд, яъне роҳбарият донистан мехоҳад, ки дар кадом қисмати ташкилот кор хуб, дар кадом қитъа суст ба роҳ монда шудааст ва кадом норасогиҳоро бояд ислоҳ намоянд.
Истифодабарандагони ҳисоботи молиявии ташкилотҳо инҳо мебошанд:
-
Соҳиби ташкилот — соҳибкор буда, муайян намудани он, ки соҳибкорӣ дар кадом ҳолат қарор дорад?, оё сарчашмаҳои даромад ва раванди хароҷотҳо аз нигоҳи қонун дуруст мебошанд?, барои хулосабарорӣ ва мақсадгузории ояндаи соҳибкорӣ чӣ гуна омилҳо мавҷуданд?. Ҷавоб додан ба саволҳои амсоли ин асоси фаъолияти ӯ мебошад.
-
Саҳмгузор — соҳиби маблағ дар ташкилот буда, маблағи вай чӣ қадар
фоида овардааст?, оё ӯ маблағи худро мақсаднок истифода кардааст, ё
беҳтараш аз ин ташкилот даст кашида фаъолияташро дар дигар ташкилот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор