Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
31.4. Баромадҳои расмии роҳбар ва талаботи
санъати менеҷмент
Усулҳои санъати роҳбарӣ ҳамон вақт самаранок мегарданд, ки дар вақти истифодаи онҳо қоидаҳои асосии роҳбарӣ, равандҳои этикию психологӣ ва муносибатҳои инсонӣ риоя карда шаванд. Барои иҷрои ин мақсад ҳусни сухан ва қобилияти суханварии роҳбар мақоми арзанда дорад.
Ватани санъати суханварӣ Юнони Қадим ба ҳисоб меравад. Софистҳо аввалин суханварони касбӣ буданд. Юнониҳо илми ҳусни суханро «Шоҳдухтари санъат» меномиданд ва тақдири ояндаи ҳалли масоили давлатӣ бевосита аз он вобаста буд, ки то чӣ андоза суханвар зебо ва пурра бо санъати воло сухан мегӯяд. Ҳанӯз дар асри III то солшумории мо юнониҳо ва баъдан румиҳо мактабҳои назарияи суханварӣ ташкил намудаанд, ки ҷавононро барои хизмати давлатӣ ва корҳои ҷамъиятӣ тайёр менамуданд. Ин ҷавонон махсусан суханварӣ, мантиқ, ҳуқуқ, фалсафа, таърих ва адабиётро аз худ мекарданд. Суханварони антиқа на фақат санъати суханварӣ ва боваркунонӣ, балки ба шунаванда як ҳаловати маънавӣ ва фикрҳои пуркуввату тозаеро медоданд, ки одамонро ба адолатпарастӣ, инсондӯстӣ, хубию некӣ ва ватандӯстӣ даъват менамуданд.
Асоси илмию назариявии мактаби суханвариро системаи мураккаби илмҳои замонавӣ — фалсафа, лингвистика, мантиқ ва шоирӣ ташкил медод. Суханварӣ бештар ба устодони софистон — устодони фалсафа хос буда, онҳо аз уҳдаи санъати волои он хеле моҳирона мебаромаданд, яъне устодони исботи мантиқии фикр, санъати муноқиша, тадқиқотчии масоили маърифат буда, ҳаракат менамуданд, ки илми фалсафаро ба санъати суханварӣ наздик созанд.
Маданияти антиқа яке аз саҳифаҳои равшантарини инкишофи башарӣ буда, то имрӯз одамон аз дастовардҳои нақшу нигор, суханҳои бузурги файласуфони Юнон Демосфен, Суқрот, Афлотун, Демокрит, Арасту, Ситсерон ва дигарон дар ҳайрат мебошанд.
Баъдан дар асрҳои V ва VII солшумории мо одамон аз маданияти суханварони Юнони қадим фаромӯш карда, нишонагирӣ ба таълимотҳои динии масеҳӣ ва исломӣ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё