Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гуфтушунид дар натиҷаи сӯҳбатҳо, ҷаласаҳо инкишоф ёфта, роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат буда, исботи фикр ва рафторҳо мебошад. Устодони санъати сухан дар гузаштаи қадим ду усули суханрониро қабул доштанд.

Ҳолати аввал - самаранокии усули коммуникатсияи Арасту чунин аст: агар суханвар боварӣ дошта бошад, ки рақиби ӯ бар муқобили ӯ эроди қавӣ надорад, барои қарори ягона бояд фикри кӯтоҳи худро дошта бошад.

Ҳолати дуввум — агар аҳли толор зидди ӯ буда, рақиб фикри ӯро рад ва фикри худро гузаронидан хоҳад усули Суқротро бояд истифода намуд. Дар ин усул суханвар фикри худро оҳиста - оҳиста, ё давра ба давра баён карда, рақибро имкон медиҳад, ки фаҳмиши мантиқии ӯро дарк намуда, фикри худро баён созад ва дар натиҷа як занҷири мустаҳками мантиқии суханро пайдо месозад, ки рақиб хоҳ - нохоҳ ба фикри ӯ ризо мешавад. Имрӯзҳо дар ҷаҳони кордонӣ боваркунонӣ бо «усули Суқрот» яке аз усулҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли муноқишаҳои хеле вазнин истифода карда мешавад.

Дар асоси санъати баланди тартибдиҳии занҷири мантиқии мақсад сӯҳбат карда тавонистан ва маҷбур кунонидани ҳамсӯҳбат, ки ризогии худро баён созад, яъне «ҳа» гӯяд асоси усули боварикунонии Суқрот мебошад. Усули боварикунонии Суқротро одамон дар илми физиология ва тиб, ки хеле инкишоф ёфтааст, самаранок истифода мебаранд, масалан беморро бовар кунонидан, ки ӯ шифо меёбад, дар баробари дорую табобатҳои дигари тиббӣ яке аз вазифаҳои муҳими табибон мебошад. Ин усул дар таҷрибаи сухандонҳои қадим хеле инкишофёфта буда, онҳо ҳангоми муноқиша ва норозигиҳо дар сӯҳбатҳо усули ахбори нодурустро истифода карда, ба мақсадҳои асосӣ мерасиданд. Бо фикрҳои дурӯғ рақибро маҷбур месохтанд, ки аз мавқеи худ даст кашида ба фикри шумо ризо шавад. Усули боварикунонии Суқрот дар гузаронидани бозиҳои корӣ, гузаронидани сӯҳбатҳо бо рақибон мавқеи асосӣ месозад. Сӯҳбат бояд аз саволҳои осон ва соддае, ки рақиб тавонад ба онҳо ҷавоб гардонад ва давра ба давра ба мақсади асосӣ наздик шуда, масъаларо бо роҳи сӯҳбати боаклона ҳаллу фасл намояд. Чунин як усул на фақат дар кори роҳбарӣ, балки дар тамоми фаъолияти одамон чӣ дар оила, чӣ дар кӯча, дар мағоза, дар назди сардор ва ғайра аз фоида холӣ нест.

пешина
аз 522
навбатӣ