Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

в) худи фаъолияти фикрронӣ, ки инсонро ба мафҳум ва назарияи нав равона месозад, метавонад маҳсули дониши нав оид ба объекти нав гардад.

Омили фикрронӣ реалияти субъективӣ мебошад ва мо аз доираи ин субъект ҳеҷ гоҳ баромада наметавонем. Агар қонунияти онро таҳлил карда бароем, он гоҳ дар забон ва рафтору кору натиҷаи меҳнати шахс, натиҷаи фикррониро метавонем мушоҳида намоем. Аз ин хотир мо фикррониро аз нигоҳи ҷараёни фаъолияти мақсадноки кормандон дар менеджмент баҳо дода, натиҷаи беҳтарини фаъолиятро метавон натиҷаи фикрронии беҳтарин шуморид. Яке аз равандҳои асосии инкишофи фикрронӣ ин мафҳумҳо мебошанд.

Мафҳумҳо — ин ҷамъи донишҳо оид ба предметҳо буда, мазмун ва мундариҷа ва муносибати объектро, ки дар фаъолияти роҳбарӣ пайдо мегарданд, меноманд.

Бинобар ин, барои менеҷер яке аз шарти зарурии қобилияти фикрронӣ пайдо кардани дониш ва тасаввуроти илмӣ доштан оид ба он предметҳо мебошад, ки бо онҳо муносибат ва алоқаи зич дорад. Мантиқи фикрронӣ бояд ба мантиқи воқеии предметҳо номутаносиб набошад. Яъне мазмуни предмет, таркиб, хусусият, моҳият ва мақсади истифодаи онро корманд бояд хеле хуб дарк карда тавонад.

Қобилияти фикррониро мантиқ муайян месозад, яъне фикрро берун аз категорияҳои мантиқ шуморидан мумкин нест.

Маданияти мантиқи фикрронӣ яке аз нишонаҳои сифатии менеҷер буда, бевосита дар сухан ва рафтори ӯ зоҳир мегардад. Зиддияти маданияти мантиқи фикрронӣ бевосита дар мавҷуд будани шаклҳои гуногуни шуурнокӣ зоҳир мегардад. Шахсоне, ки инкишофи пасти шуурнокӣ доранд, хоҳ-нохоҳ маданияти пасти фикрронӣ дошта, қобилияти дарки пурраи мафҳумро надоранд.

Аз ин ҷо маълум мегардад, ки дар тамоми олами материявӣ худи фикрронӣ дар ду чиз дида мешавад:

  1. Мазмун; 2. Шакл.

  2. Мазмуни фикрӣ алоҳида бояд аниқ дуруст ва фаҳмо бошад.

  3. Алоқаи мантиқӣ ва шакли фикрронӣ ба мазмун мувофиқат кунад.

пешина
аз 522
навбатӣ