Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
36.4. Фикрронӣ ва ҳолати эҳсосотии кормандон
«Шуурнокии инсон се калидро дорад, яъне дониш, фикр ва орзу, ин рақам, ҳарф ва оҳангро мешиносад», менависад файласуфи бузург В.Гюго.
Масоили фикрронӣ доимо дар маркази диққати мутахассисони соҳаҳои гуногун қарор дорад. Мафҳумҳои «шакли фикрронӣ», «тарзи фикрронӣ», «мантиқи фикрронӣ» дар менеҷмент бо мақсаде омӯхта мешаванд, ки кормандон то чӣ андоза оид ба ин ё он мафҳумҳои иқтисодӣ тасаввурот дошта, онро дарк карда метавонанд ва вобаста аз он чӣ тавр рафтору фаъолияти роҳбариро ба роҳ мемонанд.
Баъзе мутахассисон фикрронӣ ва фаҳмишро якхела баҳо дода, ҳамчун синоним истифода менамоянд, аммо дар асл фикрронӣ ин ҷараён буда, фаҳмиши сифати он мебошад, яъне одамон вобаста ба иштирок дар муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ ҷараёни фикрро оғоз карда, баробари анҷоми он қатъ мегардонанд.
Дар илми рӯҳшиносӣ мафҳуми субъекти фикррониро ба шахсиятҳои алоҳида мансуб дониста, онро инкишофи таърихӣ мешуморанд, ки ба ҳолатҳои гуногун вобаста мебошад. Вобаста аз ин рӯҳшиносон дар ҳама давру замон фикррониро яке аз қисмҳои асосии системаи донишҳои психологӣ меҳисобанд.
Дар илми мантиқ низ яке аз равандҳои асосии дарки масъаларо дар фикрронӣ мебинанд.
Дар замони нав равандҳои нави тадқиқоти фикрронӣ — кибернетикӣ, электронӣ, ки онро ҳамчун ҷараёни нигоҳдорӣ ва коркарди ахбор баҳо медиҳанд, меомӯзанд. Дар ин ҳолат низ шакли баёни фикр дар сухан зоҳир мегардад, ки ин раванди омӯзиши фанни лингвистикӣ мебошад.
Бихевиористон фикррониро ҳамчун мусоҳиба ва ё сӯҳбати дохилии одамон, ки аз механизмҳои мавҷудаи организми инсон истифода мебарад, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Фикрронӣ асосҳои зеринро дорад:
а) объекте, ки фикр бо мақсади донистан ба он равона шудааст;
б) воситае, ки фаъолияти фикрронӣ дар шакли мафҳумҳо пайдо шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо