Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ғайристандартӣ, хусусияти фавқулоддаи фикрронию ҷаҳонбинӣ доштани вай, инчунин рафтори бузурги инсонии вай амалӣ мегардад.

Мақсади асосии роҳбар таъсиррасонӣ ба одамон барои иҷрои кор ё фаъолият мебошад. Усули самараноки таъсиррасонӣ ва корфармой ҳамеша дар тағйирот буда, дониши нав ва қобилияти баландро талаб мекунад.

Мураккабӣ танҳо дар усули санъати роҳбарӣ набуда, балки дар роҳу усули иҷро ва натиҷаи он мебошад.

Ҳарчанд то замони мо олимону мутахассисони зиёде оид ба ин масоил асарҳои зиёде навишта, як қатор маслиҳатҳо ва пешниҳоду роҳнамоҳо дода бошанд ҳам, мураккабии он ҳанӯз боқӣ монда, рӯз аз рӯз мушкилтар шуда истодааст. Чунки ҳар як давру замон хусусиятҳои хоси инкишофи худро дошта, қувва ва талаботҳои наверо тавлид месозад, ки мо бояд худро ба он мутобиқ сохта, фаъолият намоем. Дар баробари он усулҳои умумибашарие, ҳастанд ки дар аксар мавридҳо, халқу миллатҳо ва муносибатҳои роҳбарӣ истифодашавандаанд. Ин усулҳо аз баромадҳои расмӣ сар карда, то муносибати байни одамони алоҳида истифода карда мешаванд. Моҳият ва натиҷаи амалӣ гардидани ин усулҳо аз он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза онҳоро моҳирона ва устокорона истифода мебарем, яъне тарз, вақт ва ҷои истифодаи он барои расидан ба мақсад вобастагии калон дорад.

Мисол, системаи таъсиррасонӣ ба одамон бо ҳунари суханварӣ дар таърихи бисёрасраи инкишофи башарӣ то ба имрӯз бо тағйиротҳои куллӣ инкишоф ёфта истодааст.

Дар натиҷа имрӯз ҳар як соҳа хусусияти хоси таъсиррасонии суҳанро доро мебошанд. Илми риторика (суханварӣ) сухани зебо, бурро ва мантиқиро қадр менамояд. Донишҳои дигар низ онро арзанда дошта, дар илми тиб тарзи сухангӯии мулоими тасаллодиҳанда ба бемор, дар дин вазъи шево доштан ва бурро будани сухани Шумо, дар илми ҳуқуқ санъати саволу ҷавоб, ё худ пурсиш ва ғайра имконияти кори шуморо хубтар мекунад.

Вобаста ба ин саволе ба миён меояд, ки оё усули универсалие вуҷуд дорад, ки дар ҳама ҳолатҳо истифода карда шавад. Албатта, дар ин ҷода таҷрибаи усули омӯзиши фанни криминалистика - илме, ки фаъолият ва рафтори

пешина
аз 522
навбатӣ