Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

барои дарёфти ақидаи нав аз тамоми сарчашма истифода мебаранд;
зиндагии босифат дошта, хароҷотҳоро кам мекунанд ва бартариятро дар рақобат соҳиб мешаванд;
қобилияти баланди бовариро бо худ дошта, дигаронро ба кор ҷалб карда метавонад ва аз ҳудуди қолаби муайяншуда мебароянд;
пешгӯии онҳо аниқ, содда ва асоси воқеӣ дорад ва онро дар ташкилот амалӣ мегардонанд;
қудрат ва қобилияти баланди ба кор ҷалб кардани дигаронро доранд;
мақсадҳои боваринок гузошта, дастовардҳоро арзанда баҳо медиҳанд;
масъулияти бевоситаро худашон ба ӯҳда дошта, аксар мавридҳо аз эҳсосот дур мебошанд;
дигаргуншавиро дар имконот дида, аз он дар ҳарос нестанд;
фикрронии чуқур дошта, гурӯҳҳои тобеи гуногуншакл ташкил карда метавонанд;
дар ҳама ҳолат саросема нашуда, боандеша мебошанд;

31.3. Аз паси худ бурдани дигарон - санъати боваркунонӣ

Мафҳуми санъат дар фаъолияти идоракунӣ ва пешвоӣ нишондиҳандаи муҳимтарини муносибати шахс бо одамон дар муҳити гуногун ба шумор меравад. Дар чунин маврид он ӯҳдабарой, дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани амали банақшагирифташуда, мавқеи худро нигоҳ дошта тавонистан, малакаи суханварӣ доштан ва ҳатто завқи баланди мусиқӣ, дуруст истифода бурдани вақт ва имкониятҳои боаҷастати зеҳнию ҷисмониро фаро мегирад.

Санъати роҳбарӣ хеле ҳам мураккаб буда, мунтазам дар инкишоф аст ва ба омилҳои зиёди иҷтимоӣ, демографӣ, географию сиёсию таърихӣ вобастагии зич дорад ва барои ноил гаштан ба санъати волои роҳбарӣ қобилияти баланди модарзодии зеҳнию ҷисмонӣ, қавииродагӣ ва намунавиро талаб менамояд. Қобилияти баланди роҳбарӣ пеш аз ҳама дар шахсият будани роҳбар,

пешина
аз 522
навбатӣ