Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дастрасии ахбор, пайдоиши усулҳои демократии идоракунӣ, баландшавии сатҳи саводнокии онҳо мебошад. Ҷамъи вақте, ки роҳбарон барои ҳалли муноқишаҳо сарф мекунанд, қариб 50% вақти кориро мегирад. Агар инро дар шакли музди меҳнати менеҷерон ҳисоб намоем, он гоҳ нархи муноқиша барои ташкилот ва ҷамъият хеле ва хеле гарон аст. Аз тарафи дигар, пастшавии ҳосилнокии меҳнат, корпартой ва дигар зарарҳое, ки муноқишаҳо ба вуҷуд меоранд, ҳисоб намоем, он гоҳ арзиши муноқиша чандин маротиба меафзояд, ки ин албатта басороти корхона ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ҳалли саривақтии муноқиша ташкилот бурди калон карда, мувозинатии фаъолиятро нигоҳ медорад ва сифати коммуникатсия беҳтар шуда, боварии коллектив дучанд ва муҳити хуби корӣ пайдо мегардад. Дар баъзе ташкилотҳо системаи муайяне амал мекунад, ки бо ҳароҷоти камтарин муаммоҳо бартараф карда шуда, муноқишаҳо аз байн бардошта мешаванд.

Дар натиҷа хароҷотҳои судӣ, хароҷотҳои ҷорӣ ва дигар намуди зарарҳо то 60-80% кам мегарданд.

Пурсишҳои 1000 кормандони соҳаҳои гуногун нишон дод, ки 25-30% онҳо бо сабабҳои гуногуни муноқишаҳо ва беадолатии фаъолоникии худро паст кардаанд, 45-50% қайд менамоянд, ки вақти кории худро бой медиҳанд, 10- 15% аз кор мераванд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи дигари сарчавинии муноқишаҳо дуруст ва пурра кор накардани яке аз қисматҳои системаи менеҷмент ё ин ки мавҷуд будани ҷои холӣ дар системаи роҳбарӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як роҳбари ташкилотро зарур мебошад, ки дар баробари пайдоиши муноқиша, норасогӣ ва камбудиро дар дохили худи системаи менеҷмент ҷустуҷӯй намуда, онро ба зудӣ ислоҳ намояд, ва як мӯҳлати муайяне зери назорати қатъӣ гирифта, натиҷаашро муҳокима карда, хулосаи зарурӣ барорад. Агар дар ҳақиқат натиҷаи мусбӣ ҳосил гардад, он гоҳ муаммо ҳалли худро ёфтааст, вагарна маълум мешавад, ки сабаби дигари муноқиша мавҷуд будааст, ки ин ба аксари ташкилотҳо хос буда, рафтори шахсони алоҳида мебошад.

Ҳалли ин масъала, албатта, меҳнати зиёди зина ба зинаро талаб мекунад.

  1. Зинаи аввал ташкили дурусти маданияти роҳбарӣ, бо роҳи ҷорӣ намудани реҷаи амиқи корӣ, тақсимоти вазифа ва ӯҳдадориҳо, ташкили курсҳои
пешина
аз 522
навбатӣ