Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Таъмини саривақтии қарори идоравӣ, навовариҳо ва дигаргуниҳои сохторӣ ва ташкилию функционалӣ.
-
Баҳодиҳии воқеии муваффақиятҳои шахсони алоҳида, баҳогузории натиҷагирии баланди онҳо ва пешниҳодҳо барои ҳавасмандӣ.
-
Муҳокимаи моҳияти бурдбориҳо барои даста, шӯъба ва ташкилот, талаби алоқаи баръакс ва дастгирии роҳбарият.
Ҷорӣ намудани чунин қоидаҳо имкон медиҳад, ки кормандон, ҳар як шахс потенсиали ақлонии худро амалӣ гардонида, манфиате барои худ ва барои коллектив оварда тавонад. Чунин як қоида на фақат барои коллектив, балки барои инкишофи босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат хеле муҳим буда, талаботи инкишофи технологӣ ва навовариро таъмин месозад.
Пайдоиш ва саршавии муноқиша дар фаъолияти менеҷмент яке аз нишонаҳои мавҷуд будани муаммо ва камбудиҳо мебошад. Аз тарафи дигар муноқиша — ин яке аз сабабҳои асосии инкишоф ва беҳтаршавии дараҷаи сифати кори ташкилот ва ҳолати психологии он мебошад.
Агар дигар хел баҳогузорӣ намоем, мавҷуд будани муноқиша ин пайдо шудани сӯрохӣ ё тарқиш дар боми бино мебошад, ки дар ҳолати боронгарӣ ё худ шамоли сахт биноро метавонад хароб созад, яъне мавҷуд будани муноқиша, тарқиш ва ҳолати садамавӣ дар бинои менеҷмент буда, мо бояд пеши роҳи онро гирем ва ислоҳ намоем.
Сарчашмаи асосии аксари муноқишаҳо дар ташкилот ин қабули қарори беасос, яктарафа, бюрократии ғаразнок ва ғайривоқеӣ мебошад. Бинобар ин, аввалин қадами санъати идоракунии муноқиша роҳ надодан ба қабули чунин қарорҳо мебошад. Дуюмин сабаби саршавии муноқиша ноӯҳдабароӣ, камсаводӣ ва паст будани дараҷаи касбии менеҷерон мебошад. Аслан шахсони эҷодкор ва кордон, ки дар ташкилот фаъолияти хуб мекунанду эҳсос менамоянд, ки менеҷер аз уҳдаи вазифа ва уҳдадориҳои худ намебарояд, норозигӣ баён карда, сабабгори сар задани муноқиша мегардад.
Аз пурсишҳои зиёди сотсиологҳо бармеояд, ки менеҷерҳо ба ҳисоби
миёна 25-30% вақтшонро барои ҳалли муноқишаҳо сарф мекунанд. Аксари
менеҷерон ва роҳбарони ташкилотҳо қайд менамоянд, ки ин масъала солҳои
охир авҷ гирифтааст, ки сабаби асосӣ васеъ шудани имконотҳои кормандон оиди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо