Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки метавонад ташкилотро ба мақсадҳои баланди истеҳсолию молиявӣ бурун расонад.

Бояд қайд кард, ки ташкили алоқаи баръакси демократӣ аз роҳбарон аз меҳнати зиёду хирадмандиро талаб менамояд, яъне:

  1. Мавқеъ ва қоидаи ташкилии фаъолият дар корхона бояд куллӣ тағйир ёбад. Шахси бетараф, бепарво ва ё ғаразнок бояд вуҷуд надошта бошад ва новобаста аз худию бегона, хешу табор ҳама якдилона қарору супоришҳои тарафдорӣ ва иҷро намоянд. Мисол, дар давлати Сингапур барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон ба ҳукми қатл дар шакли овехтан ҷазо дода мешаванд. Соли 2005-ум шаҳрванди Австралияро дар ин мамлакат дастгир намуданд, ки қариб 400 гр героинро фурӯхтан мехост.
    Гарчанде мардумони Австралия гирдиҳамоӣ карда, роҳбарони олимақоми Австралия хоҳиши баргардонида гирифтани шаҳрвандро карданд, органҳои дахлдори давлати Сингапур ризо нашуда, ҳукми қатлро амалӣ гардонданд ва дар ҷавоб гуфтанд: «Мо барои як кас шуда, ҳаёти ҳазорҳо одамонро дар хатар намегузорем. Иҷрои қонун барои ҳама як хел мебошад». Дар ҳақиқат талаботи риояи қоида ва қонун агар барои ҳар як аъзои ташкилот ва умуман ҷомеа якхела бошад, он гоҳ пайдоиши муноқишаҳо низ хеле кам шуда, одамон ҳаракат мекунанд, ки онҳоро риоя намуда, боинтизом меҳнат намоянд.

  2. Аз тарафи дигар баҳо додани шахсон, коллектив фақат аз нигоҳи як ё ду нафар нокифоя буда, барои хулосаи зарурӣ баровардан асос шуда наметавонад. Аслан одамон дар гурӯҳи хурд – коллектив худро на он қадар озод ва пурра нишон медиҳанд, яъне фақат муносибатҳои корӣ дида мешаванд ва халос. Дар ҳолате ки мо аз сарчашмаҳо ва шахсони гуногун маълумот мегирем, он гоҳ портрети шахсиятро то андозае дуруст муайян кардан метавонем.

  3. Дар ҳама ҳолатҳо мо бояд бо шахсе, ки баҳогузорӣ менамоем, сӯҳбат дошта бошем, паҳлӯҳои мусбию манфии онро фаҳмида гирем, хоҳиш, муаммо ва камбудиҳои ин шахсро ба инобат гирифта, фикру ақидаи худро низ ба ӯ баён намоем ва ҷавобҳои ӯро низ гӯш намоем. Мо бояд доимо нишонагирӣ ба навоварӣ, пешравӣ, дастгирӣ ва омӯзиш дошта бошем.

пешина
аз 522
навбатӣ