Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Роҳбарони
болоӣ
Истеъмолкунандагон, мизоҷон
Кормандон
Аъзоёни коллектив ва дигар
ҳамкорон
Гуфтугӯи рӯирост
ва дигар шахсон
Расми 1. Баҳодиҳии корманд
Албатта ҳар яке аз он сарчашмаҳои баҳодиҳӣ ба Шумо аз нигоҳи худ баҳо медиҳанд, ки ҳамаи онро бояд ҷамъбаст намуда, баъдан хулосаи зарурӣ бароред, яъне барои хулосаи умумӣ баровардан бояд фикри ҳамаи он 5-нуқта ба инобат гирифта шуда, ба арзишҳои этикӣ, муносибатҳо, дараҷаи таъминот, ҳолати корӣ, нисбати солҳои гузашта муқоиса намуда, баъдан хулосаи зарурӣ баровардан лозим аст.
Мақсади асосии баҳодиҳии ҳолатҳо аз тарафи сарчашмаҳо беғараз ва омӯзиши асли воқеа имкон медиҳад, ки менеҷмент қарори дурусти воқеӣ қабул намуда, камбудиҳоро саривақт ислоҳ намояд, то дар ташкилот муноқиша сар наванад.
Унсури асосии чунин як ҷараён, қоидаи демократии баҳодиҳӣ, яъне нигоҳи беғаразонаи истеъмолкунанда, корманди оддӣ, мутахассиси касбӣ ва олимону тадқиқотчиён бошад.
Ҳангоми тозаю беғаразона будани баҳодиҳӣ, равандҳои халалрасон аз
байн рафта, барои инкишофи ояндаи ташкилот роҳу усулҳои нав пайдо мегардад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо