Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мисолҳои зиёди экологӣ, аз қабили кандашавии обанборҳои Саргавон, чаппа шудани кӯҳҳо ва канда шудани талу теппаҳо, (Шарора), заҳролудшавии одамон дар он замон оқибатҳои манфии сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Равандҳои глобализатсионӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ ва ташаккули Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, имкон додааст, ки Конститутсия ва қонунҳои озоде, ки мақсади бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократиро доранд, имкон диҳанд то анъанаҳои хуби роҳбарӣ, хоҷагидорӣ ва маданияти экологиро барқарор намуда, барои насли оянда инкишофи босубботро таъмин бисозем.

Мувофиқи назарияи этногенезиси Лев Гумилев пайдоиши халқ (калимаи юнонии «Ethnos» маънои халқ, қабиларо дорад) ҳар як этнос, давлату миллат дар натиҷаи инкишофи худ, хусусиятҳои хоси инкишофи таърихию иқтисодиро пайдо намуда, системаи муайяни идеологӣ, маданият, ахлоқӣ ва диниро доро мебошанд.

Маҳз давлатро системаи муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ медорад. Миллатҳоро бояд умумияти ҳудудӣ ва ҳаёти иқтисодӣ, рафтори ягона, забон, маданият ва урфу одату анъанаю дин нигоҳ дорад.

Маданияти миллӣ яке аз унсурҳои асосие мебошад, ки дар санъати менеҷменти ташкилот мақоми аввалиндараҷа дорад. Мисол, агар мо гӯем, ки тоҷикон аз чиниҳо ё ҷопониҳо дида, зеботар мебошанд, қаду қомати расо доранд, дар навбати хеш чиниҳо ва ҷопониҳо низ худашон паст наомада мегӯянд, ки мо аз шумо дида зеботару хушқаду қомат ва донишмандтару кордон буда, аз шумо бартарӣ дорем. Маҳз ҳамин хислатҳои хоси миллатгароии қанора ва маҳалгароӣ агар дар идоракунӣ вуҷуд дошта бошад, оқибати хуб надошта, ҳатто на фақат ба менеҷменти ташкилот, балки эҳтимоли ба давлатдорӣ таъсири манфӣ расонидан дорад. Муборизаи динию мазҳабӣ хатари калонтарро ба миён меорад.

Таърих мисолҳои зиёдеро медонад, ки давлатҳое, ки ба давлати дигар ҳуҷум карда, шаклу тарзи давлатдории худро ҷорӣ месозанд, ба мақсад нарасида, оқибат аз сиёсати экспансионӣ даст намекашанд. Ҳуҷумҳо ва ҳукмронии муғулон ва арабҳо дар Осиёи Миёна ва англисҳо дар Ҳиндустону Африқо мисоли барҷастаи чунин муносибат мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ