Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

насозад ва аз тарафи аксари кормандон қабул гашта, ба мақсаду сиёсати ташкилот мувофиқат намояд.

Вобаста аз анъанае, ки қабул шудааст, аслан чунин тарзи баҳодиҳии роҳи ҳалли масоилҳо дастур дода мешавад:

  1. Роҳи ҳалли масъала бояд беҳтарин бошад.
  2. Системаи муайяни баҳодиҳиро кор карда бароед, ки ҳамаи паҳлӯҳои масоилро дар бар гирад. Дар қабули қарори ҳалли масоил шитобкорӣ набояд кард.
  3. Қарори беҳтарини ҳалли масъаларо баҳо дода, диққат додан лозим аст, ки мақсадҳои корхонаро дар бар мегирад ё мақсади шахсони алоҳидаро.
    Дар навбати аввал бояд ба мақсади ташкилот мувофиқат намоянд ва фикру ақида ва мақсадҳои шахсони манфиатдорро барои оянда ба инобат гирифтан зарур мебошад.
  4. Самаранокии асосӣ ва бевосита ва пайвастаи ҳалли беҳтарини масоилро таҳлил карда, баҳо додан зарур мебошад.
  5. Қарори беҳтарини ҳалли масъаларо дуруст ва пурра ба низом дароварда, баъдан ба кормандон пешниҳод намоед.

Қадами чорум ҳалли бевосита, ё худ амалигардонии иҷрои масоил мебошад. Аксар мавридҳо одамон яку якбора ба нуқтаи охирин мегузаранд, яъне якбора масъаларо дарки дуруст ва таҳлили чуқур накарда, қарори саросема қабул менамоянд, ки натиҷаи хуб надошта, хавфнок низ мебошад.

Амалигардонии ҳалли ҳама гуна масоиле ба шахсони манфиатдор тааллуқ доранд ва чӣ гуна тағйироте, ки нашаванд ҳатман зиддиятҳо ба вуҷуд меоянд.
Бинобар ин, менеҷерони таҷрибадор аз чунин қоида даст мекашанд ва он пайдарпаиеро, ки дар боло мо қайд намудаем, риоя менамоянд.

Бояд қайд кард, ки барои самаранокии ҳалли масоил менеҷер бояд назорати иҷрои онро таъмин созад.

Қадами панҷум, назорат. Фақат иҷроиши самаранокии ҳалли масъала набуда, балки коммуникатсияи баръаксро низ таъмин месозад, ки дар оянда барои самаранокии иҷроиши дигар масоил низ истифода карда мешаванд.

Аз нигоҳи мо пешниҳодҳои зерин имкон медиҳанд, ки ҳалли масоил самаранок бошанд:

пешина
аз 522
навбатӣ