Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
мутобиқшавӣ ва тағйиротҳои тез-тезро дар табақаҳои поёнӣ бисёртар қабул намоянд.
Дар баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ ҳатто мафҳуми «Инкишофи менеҷменти ташкилот» ба «Инкишофи пешвоён дар ташкилот» табдил ёфтааст, яъне дарки ахбори босуръати паҳншаванда ва тағйирёбанда, коркард ва истифодаи самараноки он, ҳамчун воситаи асосии инкишоф гаштааст.
Аз ин хотир гуфтан лозим аст, ки инкишофи пешвоён, яке аз қисмҳои асосии инкишофи ташкилотҳо гаштаанд, мутобиқкунонии дигар вазифаҳо ва мақсадҳои стратегии ташкилот ба ин ҷараён шарти зарурӣ мебошад. Истифода аз равандҳои пешвой дар дигар бахшҳои инкишофи корхона яке аз воситаҳои амалигардонии самаранокии фаъолияти ташкилот ба ҳисоб рафта, дар натиҷа санъати баланди роҳбарӣ дар ҳамаи зинаҳои инкишоф таъмин карда мешаванд.
Аз тарафи дигар ташкилотҳои ҳамкор низ, бо Шумо аз рӯи дараҷаи инкишоф ва маҳорати касбӣ, ё он фаъолияте ҳамкорӣ менамоянд, ки Шумо дар ин ҷода беҳтарин бошед.
Асосан, солҳои охир инкишофи пешвонро ташкилотҳо дар иҷрои се вазифаи муҳими стратегӣ мебинанд:
- Инкишоф аз ҳисоби зиёд шудани сармоягузорӣ — суръати инкишоф дар натиҷаи навоварӣ таъмин карда мешавад, навоварӣ дар навбати худ сармоягузориро талаб менамояд.
- Мустаҳкам намудани рақобатнокии ташкилот - аз ҳисоби кам намудани хароҷотҳо, баланд намудани сифати мол, махсусан, дар ташкилотҳое, ки зиёда аз 10-20 ҳазор коргар фаъолият менамоянд.
- Бартарияти ташкили меҳнат - ташкилот бояд диққати асосиро ба ҷустуҷӯи одамони лаёқатманд равона намуда, қобилияти онҳоро инкишоф дода, фаъолият намояд.
Аксари ташкилотҳои байналхалқӣ медонанд, ки сарчашмаи асосии
рақобатпазирии онҳо инкишофи пешвой мебошад. Бинобар ин, дар нақшаи
соҳибкории онҳо мафҳумҳои касбдорӣ, эҳтироми одамон, баҳо додани қобилият,
унсурҳои асосӣ ба ҳисобмераванд. Ташкилотҳо ба он кӯшиш менамоянд, ки
қувваи ақлонӣ дар менеҷмент мустаҳкам гардида, вазъи рӯҳияи иҷтимоӣ беҳтар
шавад, то имконотҳои соҳибкориро самараноқ истифода карда тавонанд, яъне

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё