Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
пешвоён ба донишу фаҳмиши хиради худ такя мекунанд, менеҷерон ба мантиқ менигаранд;
пешвоён фаҳмиши васеи иҷтимоӣ дошта, менеҷерон фақат ба масъалаҳои корпоративӣ сарукор доранд;
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки мақоми пешвои хирадманд дар ташкилот аз менеҷер дида хеле фарқкунанда аст.
Ғайр аз унсурҳои номбаршуда пешвои хирадманд қобилияти «модарзодӣ» низ дорад, яъне ба ӯ Худованд сифатҳое ато намудааст, ки дар илм бо номи «Харизма» маълум аст. Пешвоёни модарзод ба қадри одамон расида, онҳоро аз рӯи нишонаҳо ва арзишҳои инсонӣ ҷудо карда мегиранд. Аз рӯи хислатҳои худ ҳодисаҳоро пештар дарк карда, пешгӯӣ карда метавонанд. Ғайр аз ин онҳо метавонанд, ки худ намуна бошанд.
Хусусияти дигари ин шахсон аз он иборат мебошад, ки одамон бо пешвои хирадманд худро хеле дилпур ҳис карда, ба кадом коре ки онҳо ҳидоят нанамоянд, мераванд. Бо ақидаи файласуфи бузурги юнонӣ Арасту «Касоне, ки доир ба санъати идоракунии одамон андеша менамоянд, ба хулосае омадаанд, ки тақдири онҳо ба тарбияи овони кӯдакӣ вобастагии ногусастанӣ дорад». Ҳамчунин менависанд: «Вақте ки падар кӯдакро барои баҳои ду гирифтанаш сарзаниш карда, кӯдаки ҳамсояро таъриф мекунад, кӯдак дар ҷавоб мегӯяд Охир дар оилаи онҳо муносибат тамоман дигар аст, падару модари писари ҳамсоя хеле меҳрубонанд».
Зинаи дигари ташаккули сарварон дар раванди роҳбарӣ дар корхона мебошад.
Аз хусусиятҳои хоси инкишофи ҳазорсолаи сеюм маълум гаштааст, ки бурди ташкилот қариб 75% аз захираҳои башарӣ ва пешвоён вобаста аст. Корхонаҳо маблағҳои зиёдеро дар ин соҳа сарф менамоянд, то одамони болаёқату кордонро ба кор қабул намуда, аз онҳо самараи зиёд гиранд.
Инкишофи пешвоӣ қисми таркибии фаъолияти ширкатҳо ба шумори рафта, бештар бо мақсади дастгирии болоравии онҳо пешвоён тайёр карда мешаванд. Ҷаҳонишавии фаъолият, ғайримарказонидани идоракунӣ, суръати баланди инкишофи васоити ахбор, бахусус шабакаи иттилоотии Интернет, кушодаю рӯирост будани онҳо ташкилотҳоро маҷбур месозад, ки қарорҳои роҳбарӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё