Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дошта бошад, ҳам аз сабаби оила, фарзанд, хешу табор ва ёру дӯстон доштани онҳо хоҳу нохоҳ дар ин гурӯҳи одамон низ нобоварӣ, паст шудани ҳурмату эҳтиром ва ҳавасмандӣ нисбати кору фаъолият, нисбати ташкилоти молиявии Шумо пайдо мегардад.

Агар одамон ҳис намоянд, ки эҷодкорӣ, навоварӣ ва донишмандӣ ва фаъолнокии меҳнатӣ бар хилофи манфиатҳои онҳо баҳо дода мешаванд, онҳо аз инкишофи муттасил бозмонда, хоҳиши пешравиро намекунанд ва ба ҳамон дараҷаи бадастоварда қаноат карда, худро маҷбур месозанд, ки «замонасозӣ» намуда, зиндагонии номақбули хешро пеша намоянд. Ҳолати мазкур оқибати иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии хуб надорад.

Вақте ки дар инсон тарси махсусан худшиносӣ пайдо мегардад, онҳо ба тӯдаи гӯсфандон монанд мегарданд, ки доимо аз тозиёнаи полобон дар тарс буда, ҳаракатҳоро кӯр-кӯрона мекунанд, то ин ки тозиёна нахӯранд.

Худифодагарӣ ва худбаҳодиҳӣ дар навбати хеш ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза дигаронро мефаҳмем, дарк менамоем ва ҳурмату эҳтиром месозем. То чӣ андоза иҷро шудани хоҳиши мо оид ба инкишофи хеш ва муносибатҳои инсонӣ дар ташкилоту муассисаҳо ба он вобастагӣ дорад, ки мо ба дигарон чӣ гуна муносибат дорем ва ба онҳо кадом ҳуқуқу озодиҳо ва имкониятҳои захиравиро додаем. Агар ҳолати кормандон ба худбаҳодиҳӣ ва инкишофу худшиносии онҳо мусоидат намояд, пас мо низ ба мақсадамон мерасем, вагарна ташкилоту муассисаҳо аз пешравӣ бозмонда, куллан иқтисоди кишвар аз пешравӣ мемонад.

Агар Шумо хоҳиши дарки дараҷаи инкишофи шуурнокии худро дошта бошед, як қатор ченакҳои фардӣ меёбед, ки метавонед онро ба нишондодҳои рафтор, дониш, хулқу атвори хеш муқоиса намоед.

Олимон якчанд равандҳои фикрронӣ ва худифодагариро муайян сохтаанд, ки онҳо куллиан дараҷаи инкишофи зеҳнии шахсиятро муайян месозанд. Ин равандҳои физиологӣ, психологӣ, эҳсосотӣ, иродавӣ, ҷинсӣ, синну сол, маданӣ, этникӣ, таҷрибаи касбӣ ва ғайра мебошанд.

Чор унсури асосии худбаҳодиҳиро дидан мумкин аст, ки барои инкишофи санъати менеҷмент ва шахсият аҳамияти калон дорад:

пешина
аз 522
навбатӣ