Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шахсиятро намепарастанд. Махсусан, роҳбароне, ки дониши кофӣ ва қобилияти баланди роҳбарӣ надоранд, нисбат ба ин гуна одамон тарс дошта, ҳатто то ҷангу ҷадал ва бартараф намудани одамони «худшинос» кӯшиш менамоянд. Албатта, чунин рафтори роҳбар тамоман нодуруст буда, махсусан, дар фаъолияти корӣ муносибатҳои хуби байни одамонро аз миён мебарояд ва ба эҷодкорӣ ва навоварӣ монеа гардида, куллан ба инкишофи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, муносибатҳоро коста мегардонанд. Дар оянда чунин ҷамъият ба ҷомеаи авторитарӣ мубаддал гашта, дар он арзишҳои волои инсонӣ, ҳуқуқу озодӣ аз байн рафта, мардум ба тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд.

Тадқиқотҳои зиёд нишон медиҳанд, ки инкишофи мутаносибро ҳамон вақт таъмин намудан мумкин аст, ки агар ҳар як шахс ҳисси худифодагӣ ва худшиносиро пайдо сохта, қобилияти эҷодкорӣ ва қабули қарори ғайримуқаррариро дошта бошад. Донишҳои гуногуни амиқи касбӣ доштан ва муҳити озоди истифодаи он дар санъати менеҷмент самаранокии муомилаи одамонро хуб намуда, боиси инкишофи ҷомеа мегарданд.

Яке аз роҳҳои дигари ба мақсади худифодагӣ ва худшиносӣ расидан мавҷудияти гуногуншаклии ақида ва роҳҳои инкишофи мунтазами онҳо мебошад.
Гуногуншаклиро метавонем мушоҳида кард, аммо маҳдудиятро худамон месозем ва аз байн мебарем.

Низоми мукаммали дониш метавонад моро аз сарчашмаҳои гуногуни илму хирад бохабар созад ва самаранокии муносибати одамон хубтару қавитар гардад, вале маҳдудиятҳо ба пайдошавии монеаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва психологӣ оварда мерасонанд, ки дар корхона, ҷомеа нобаробариро пайдо сохта, арзишҳои хуби инсониро аз байн бардошта, омилҳои номақбулро ба миён меорад. Албатта, чунин ҳолат барои санъати менеҷмент қобили қабул набуда ба инкишофи он зарари ҷиддӣ мерасонад. Махсусан, дар фаъолияти ширкатҳои трансмиллӣ, ки миллатҳо ва давлатҳои гуногун фаъолият менамоянд, арзишҳои волои инсонии роҳбарӣ қабул набусад, он гоҳ ин ташкилотҳо амалашонро қатъ мегардонанд.

Мавҷудияти ҳар гуна маҳдудиятҳои номатлуб ба барҳам задани боварӣ ва
муносибатиҳои «якдигарфаҳмӣ»-и одамон оварда мерасонанд. Ҳатто дар
ҳолатҳое, ки масъала ба қисме одамон, ё гурӯҳи одамон тааллуқ дошта бошад
ҳам, бе таъсири манфӣ намемонад. Агар маҳдудият ба як гурӯҳи одамон тааллуқ

пешина
аз 522
навбатӣ