Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Рӯҳшиносон бошанд шахсро на фақат объекти муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ, балки ҳамчун мавҷудоти биологие эътироф менамоянд, ки қобилияти интаргунсозӣ, таъсиррасонӣ дорад ва пазироиро ҳамчун раванди объективӣ ҳисобида, кулли шароитҳои «дохила»-ро доро буда, ба ҳолати берунаи инкишофи ҷомеа таъсир мерасонад.

Дар ҷараёни инкишофи шахс шароити дохила хеле амиқ буда, натиҷаи таъсиррасонии он ба одамон метавонад ҳархела бошад, яъне шахс на фақат объект ва масъули муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки ҳамчун субъекти асосии муносибати шуурнокӣ, худшиносӣ ва рафтори волои роҳбарӣ баромад менамояд.

«Шахсият» бештар мафҳуми иҷтимоӣ буда, дар он қувваи бузурги донисташавандагии табиӣ ва таърихӣ вуҷуд дорад.

Хусусияти фарқкунандаи шахс дар менеҷмент пеш аз ҳама дар он мебошад, ки дорои хосияти физиологӣ ва рӯҳии фардӣ мебошад. Фардӣ будани қобилият, аслан фикрронӣ, боварӣ, ирода, хислат, табъ, рафтор ва умуман, хусусияти хоси атои илоҳӣ ба ҳар кас, ки мардуми тоҷик онро «файзу баракати шахс», ё «пою қадам» меноманд, дар менеҷмент баръало ҳис карда мешавад. Бо ибораҳои халқӣ «Ду роҳбари якхела намешавад», «Касе ҷои дигареро гирифта наметавонад» ва ғайра.

Аслан инсон дар иҷрои ҳама гуна кор, хусусияти хоси фардӣ — қобилияти худро нишон медиҳад.

Бояд қайд кард, ки шахсият аллакай одами ташаккулёфта мебошад, ки кулл аст.

Файласуфи бузург Афлотун сохтори шахсиятро аз чор унсури асосӣ ва ду унсури иловагӣ иборат буда, баҳо медиҳад:

  1. Зерсохтори ғовияи шахсият. яъне дарки омилҳои талаботӣ, ҳавас, боварӣ, ҷаҳонбинӣ ва омилҳои интитивӣ — ҳулқу нишонгирӣ. Ин зерсохтор бевосита бо кӯмаки тарбия ташаккул меёбад.
  2. Зерсохтори таҷриба. Он дониш, қобилият, рафтор ва ирода мебошад, ки дар натиҷаи омӯзиш ва таҷриба ба вуҷуд меоянд.
  3. Зерсохтори инъикоси ҳодисаҳо дар шуури одамон. Он ҷараёни рӯҳии тасаввур, хотира, фаҳмиш, фикрронӣ, диққат, эҳсосот аст, ки ҳамчун қобилияти махсуси шахсият буда, аз шакли инъикос вобаста мебошад.
пешина
аз 522
навбатӣ