Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

35.1. Шахсият ва мақоми он дар санъати менеҷмент

Шахсият объекти омӯзиши илмҳои гуногун, аз қабили фалсафа, сотсиология, илмҳои сиёсӣ, психология, менеҷмент ва ғайра мебошад. Ҳар соҳаи илм ба шахсият назари хоса дорад.

Мо низ моҳият, хусусиятҳо, мақом ва нақши шахсро аз нигоҳи фаъолияти меҳнатӣ ва роҳбарӣ дар менеҷмент мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод.

Равоншинос Е.В.Шорохов инсонро ҳамчун мавҷудоти биосотсиалӣ муаррифӣ менамояд, ки қобилияти сухангӯӣ, фикрронӣ, хотирот ва ирода дошта, метавонад дар раванди меҳнат ҳамчун олот истифода гардад. Ин қобилияти махсус ва хоса меросӣ набуда, балки дар рафти зиндагӣ ва аз худ намудани маданияти таърихӣ, ташаккул меёбад.

Таҷрибаи ҳаётии як шахс ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки боиси фикрронии мантиқӣ ва фаҳмиши бошуурона гардад. Он оқибати ҳаёти ҳазорҳо одамон ва таҷрибаи андӯхтаи онҳо мебошад. Ҳар як насл фаъолияташро аз ҷое оғоз менамояд, ки насли пешина боқӣ гузоштааст, вале одамон дар ҷараёни меҳнат иштирок намуда, қобилияти махсуси оламдарккунӣ пайдо мекунанд, ки аллакай инсоният онро воқеӣ гардонидааст.

Ҳаёт ва фаъолияти одамон доимо дар робитаи мутақобилан омили биологӣ ва иҷтимоӣ қарор дорад.

Шуурнокӣ, қобилияти дарки масъала, сухангӯӣ, ҳиссёт, ирода ва ғайраҳо, ки дар рафти ҳаёт ташаккул меёбанд, шахсиятро ҳамчун мавҷудоти биологӣ ва дар як вақт натиҷаи фаъолият ва моҳияти иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд, яъне дар инсон ин омилҳо манбаъ, сароғоз ба ҳисоб меравад ва ҳардуи он асосан баробарқиматанд.

Шахсият — ҳамчун моҳияти иҷтимоӣ — рӯҳии одамон дар ҷараёни ташаккули шуурнокӣ ва рафтор, таҷрибаи таърихии фаъолияти одамон ташаккул меёбад.

Олимони соҳаи сотсиология шахсро ҳамчун намояндаи умумияти махсуси иҷтимоӣ медонанд, ки моҳияти онро маҳсули муносибатҳои ҷамъиятӣ будан ташкил менамояд.

пешина
аз 522
навбатӣ