Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сӯҳбаткунандаро дилгир мекунад. Эрониҳо низ барои ширинии сӯҳбат калимаҳои иловагӣ ҳамроҳ мекунанд, ки дар натиҷа гуфтушуниди масъалаи хурд соатҳои дароз тӯл мекашанд.

Чунин як хусусиятҳои хоси маданияти миллӣ, албатта, ба маданияти роҳбарӣ таъсири худро мерасонанд ва пеш аз ҳама ин дар сохтори идорӣ, қабули қарори идоракунӣ, иҷроиш ва назорати он нақши намоён дорад. Мисол, сохтори ташкилотҳои калон, дар аксар маврид муносибати миллатро ба ҳокимиятдорӣ нишон медиҳанд. Дар Чин, Фаронса, Арабистон ҳокимияти воқеӣ дар дасти роҳбари аввал мебошад. Дар дигар давлатҳо ба монанди Ҷопон, Канада, Финляндия ва Голландия ҳокимият ҳамвор буда, ба зинаҳо тақсим мешавад. Аз ин хотир, агар ҷопонҳо, финҳо ва шведҳо ба қарори гурӯҳӣ такя кунанд, амрикоиҳо ва аксари давлатҳои Шарқ қарорҳои фардиро мепарастанд.
Бинобар ин, онҳо доимо ҳаракат мекунанд, ки роҳбари доною оқил ва кордонро интихоб намоянд.

Дар Олмон тарҳи технократӣ, ё худ тарҳи ҷараёни ташкилии фаъолият, яъне назорати қатъии фаъолият аз тарафи роҳбарон, бо роҳи талаби иҷрои стандартҳои қабулшуда мушоҳида карда мешавад. Франсузҳо тарҳи раванди сиёсиро асоси кори худ месозанд, яъне вазъи сиёсиро дар рафтору фаъолияти худ волотар медонанд.

Дар Тоҷикистон, Руссия, Қазоқистон ва аксар кишварҳои собиқи Шӯравӣ принципи централизми демократӣ бештар ба инобат гирифта мешавад.
Давлатҳои Шарқ, бахусус арабҳо ва африкоиён низ чунин қоидаро эътироф менамоянд, аммо баъд аз интихоби сарварон тарафи мухолифин ва ақидаҳои онҳо маҳдуд карда мешаванд.

Дар чунин як шароит интихоби пешво, баҳо додани сифатҳои он хеле
мушкил мебошад. Номзадро аксар маврид аз рӯи натиҷаи кори он дар
мамлакати худ ва ҳаракати он доир ба фаъолият кардан дар хориҷ, инчунин
мустақилияти оилавӣ баҳо медиҳанд. Вақте аз шахсон - пешвоёни ширкатҳои
калони байналхалқӣ таъсири омилҳоро барои инкишофи фаъолияти онҳо пурсон
мешаванд, аксаран чунин ҷавоб мегӯянд: «Анъанаҳои миллӣ, саёҳат кардан,
омӯзиш ва дониши нав, вазифа ва ташкили даставии роҳбарӣ». Қисми дигари
пешвоён мегӯянд, ки пеш аз ҳама зиндагонӣ ва кор кардан дар байни давлату

пешина
аз 522
навбатӣ