Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Хирадмандон бояд як қатор рафтору хусусиятҳои хоси миллиро донанд ва дар муошират ба эътибор гиранд.
    Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки одамон вобаста ба маданияти халқу миллат, минтақа ва ҷои зисташон чунин хусусият ва рафторҳои хосро доро мебошанд:

  2. Муҳит — риояи он ба халқу миллатҳо ҳархела мебошад, мисол, агар дар вақти кор ё дар мағозаҳо, ошхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ бо якдигар бархӯрдани одамон дар Амрико, Фаронса, Бразилия, Россия хеле зиёд ба назар расида, ҳодисаи муқаррарӣ бошад, дар Англия ва аксари давлатҳои Шарқ, чунин омехтагӣ кам ба назар мерасад ва қабул нест.

  3. Эҳсосот — мардуми Шарқ тез ба эҳсосот дода мешаванд. Англисҳо умуман дар вақти муошират ба эҳсосот дода намешаванд, чунки онҳоро аз хурдӣ доимо таъкид менамоянд, ки дар ҳама ҳолат аз эҳсосот дур бошанд. Дигар миллатҳо ҳайрон мешаванд, ки барои чӣ англисҳо дар муҳокимаи масъалаи хеле муҳим озодона, мулоим бе эҳсосот иштирок менамоянд ва ба назар чунин мерасад, ки гӯё парво надошта бошанд.

  4. Чеҳраи одамон дар вақти вохӯрӣ — амрикоиҳо дар вақти вохӯрӣ новобаста аз шахсияти мусоҳиб табассум менамоянд, французҳо баръакс вақти вохӯрӣ, чеҳраи гирифта доранд, аммо мардуми Шарқ вобаста ба табъашон вохӯрӣ менамоянд.

  5. Вақти ҳозир шудан ба вохӯриҳо — барои ҳар халқу миллат ин мафҳум маънои гуногун дорад. Мисол дар аксари мамолики шарқ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон дер омадан ба вохӯрӣ аз тарафи роҳбар гӯё далели баландии қадру қиммати ӯ бошад, дар Африқо табақаи поёнӣ вазифадор аст, ки табақаи болоиро интизор шавад, дар Амрико низ вақте ки шумо шахсони вазифадорро интизорӣ мекашед, ба шахсияти он вобастагӣ дорад. Барои мардуми Чин аз 20 то 30 дақиқа дер омадан мақбул буда, парвое надоранд. Аврупоиён саривақт, ҳатто ба ҷои таъиншуда тезтар омаданро меписанданд.

  6. Сӯҳбат ва мулоқот намудан — Амрикоиҳо дар вақти сӯҳбат ба тозагии забон диққати махсус надода ҳарф мезананд. Мардуми Чин дар сӯҳбат аниқ набуда, калимаҳо ва ишораҳои иловагӣ зам мекунанд, ки

пешина
аз 522
навбатӣ