Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тамоми ҷараёни қоғазии коргузориро дар шакли электронӣ ҷорӣ намуда, қобилиятнокии зеҳнии ҳар як кормандро барои мақсадҳои зарурию асосӣ истифода намояд.

II. Оид ба гузаронидани фаъолиятҳои соҳибкорӣ.

воситаҳои электрониро бо мақсади кам кардани ҷои корие истифода
намоед, ки меҳнати зеҳнии камро талаб менамояд. Ҷои корне
ташкил намоед, ки меҳнати зеҳнӣ, дониш ва малакаи баланд талаб
менамояд;

системаи электронии дохили ташкилот барпо сохта, имкон пайдо
созед, ки ҳар як корманд натиҷаи кори худро дида тавонад ва
ҳавасманд бошад. Инчунин ҳар як корманд имкон дошта бошад, ки
камбудӣ, бурду бохт ва равандҳои мусбию манфии ташкилотро
назорат карда тавонад;

системаи электрониро бо мақсади рекламаи ташкилот истифода карда, сифат ва хизматрасонии маркетингӣ низ бояд ифода гардад.

системаи электрониро ҳамчун элементи коммуникатсия истифода карда, ҳудуди соҳибкорӣ, мавқеи ташкилотро дар бозор муайян созад.

III. Ҳангоми фаъолияти тиҷоратӣ

нишонагирии асосиро ба суръати ахбор, коркард ва истифодаи он
равона карда, ҷараёни тайёр кардани молро маҳз аз рӯи ин система
ба роҳ монда аз ҳамкорони хеш инро талаб намоед;

пурра ба принсипи истеҳсол ва фурӯши моли «аниқу саривақтӣ»
гузашта ҷараёни соҳибкории тиҷоратиро ба маданияти баланд ҷорӣ намудан;

ба хизматрасонии пурраи электронии мизоҷон гузаштан, то ки
системаи «бюрократӣ» ва монеаҳоро аз байн бардошта бевосита ба
истеъмолкунанда муомила дошта бошад;

системаи электрониро ҳамчунин имкони истифодаи хоҳиши истеъмолкунанда — мизоҷон истифода карда, шароит муҳайё созед, то ин ки онҳо худашон интихоб ва дархост пешниҳод намоянд.

пешина
аз 522
навбатӣ